21:39:51 22-уми Августи 2025 сол

Туркия метавонад тиҷораташро бо Русия ҷиддан коҳиш диҳад

Туркия метавонад аз харидории гази русӣ ба далели вайрон кардани ҳарими ҳавоии ин кишвар тавассути ҳавопаймоҳои низомии Русия даст кашида, сохтмони нахустин нерӯгоҳи ҳастаиро, ки Русия месозад, қатъ кунад.

rossia-turky-98545454.jpgҲамчунин Туркия метавонад ба Русия содироти ғизоеки зери таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупост, манъкунад. Дар ин бора раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Эрдуғон пеш аз сафараш ба Ҷопон дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҳуррият” гуфтааст.

Ба гуфтаи Эрдуғон «Туркия харидори аслии гази Русия аст» ва худдорӣ аз харидани он “барои Русия бохти ҷиддие хоҳад буд”.

Қарордоди бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ байни Русия ва Туркия соли 2010 имзо шуда, интизор меравад, ки сохтмони он соли 2020 ба поён расад. Аммо Эрдуғон изҳор дошт, ки Туркия метавонад барои иҷрои ин тарҳ ба кишварҳои дигар муроҷиат кунад, ҳарчанд Русия дар он алаккай қариб 3 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.

Туркия мухолифи тақвияти нерӯи низомии Русия дар Сурия аст ва ҳушдор медиҳад, ки вайрон кардани ҳарими ҳавоии он минаъд ҳамла ба НАТО шумурда хоҳад шуд.

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ