Боздошти ду афсари Вазорати дифоъ дар робита ба ҳамлаҳои 4 сентябр
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ду афсари Вазорати дифоъро барои "мусоидат" ба иҷрои ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбеву Ваҳдат, ки беш аз бист кушта бар ҷой монд, муттаҳам мекунад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ду афсари Вазорати дифои кишварро барои “мусоидат” ба иҷрои ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбе ва Ваҳдат боздошт кардаанд. Аз онҳо подполковник Мустафо Назаров, муовини командири бригадаи десантии қисми низомии Вазорати дифоъ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва майор Насим Юсуфов, нозири калони Раёсати молия ва буҷаи Вазорати дифоъ ном бурда мешавад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин афрод имкон доштанд, бо хабар додан аз тарҳи ҳамлаҳо ба мақомот аз хунрезӣҷилавгирӣ кунанд. “Аммо бетарафӣ ва мусоидати онҳо ба гурӯҳи ҷиноятпеша боис ба нооромӣ ва куштор гардид,” –гуфтанд дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ.
«Озодӣ»