16:27:38 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲНИТ: “Ҳоҷӣ Ҳалим” аз мо набуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамлаҳо ба шӯъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат ва дар Душанберо шарҳ дода гуфт, ки дар ин ҳамлаҳо 4 маъмури пулис ва 4 нерӯи ОМОН кушта шуданд.

hoji-halim_9454554.jpgҲизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), аз он ки мақомот Абдуҳалим Назарзода - муовини, инак, собиқи вазири дифоъ ва Зиёраддин Абдуллоев - корманди кушташудаи Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдатро узви ин ҳизб муаррифӣ кардаанд, изҳори норозигӣ кард. Бино ба иттилои мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода бо ҳамроҳони худ дар дараи Ромит паноҳ бурда, барои ҳамла болои дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ ва Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат муттаҳам мешавад. Шӯрои сиёсии ҲНИТ шоми 4 сентябр, баъди як ҷаласаи изтирорӣ, эълон кард, ки “даъвои мақомот хилофи қонунгузории кишвар ва мантиқ аст”.

Чун, ба гуфтаи онҳо, қонунгузории Тоҷикистон узвияти афсарону сарбозон ва кормандони мақомоти низомиро дар ҳизбҳои сиёсӣ манъ намудааст ва ингуна афрод наметавонанд узви ягон ҳизби сиёсӣ бошанд. “Гузашта аз ин, чанде қабл гурӯҳе аз ин фармондеҳон ва афсарон бо изҳорот аз бастани ҲНИТ ҷонибдорӣ карда, барои аз узвияти ҲНИТ хориҷ кардани аъзо кӯшишҳо ба харҷ дода буданд,” - таъуид шудааст дар изҳоротиҲНИТ.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар идома ҳамдардии худро ба хонаводаи кушташудаҳои ду ҳамлаи маргбори 4 сентябр дар Душанбе ва Ваҳдат баён карда, аз мақомоти давлатӣ хостааст, ки “ин фоҷиаро барои ғаразҳои сиёсӣ истифода набарад, балки иштибоҳҳои қаблиро дар муносибат бо миллат ва арзишҳои эътиқодии мардум ислоҳ намояд”.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi