А.Нусратӣ: Толибон аз Чордара берун ронда шуданд
Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон эълом кардаанд, ки мудирияти Чордараи вилояти Қундуз, шимоли ин кишварро пас гардонидаанд.
Ва он дар ҳолест, ки раиси намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон гуфтааст, ки ин кишвар ба кумаки ҳамсояҳояш ва ҷомеаи байналмилалӣ барои пиёда кардани сулҳу субот дар ин кишвар ниёз дорад.
Тибқи гуфтаи Вазорати дифои Афғонистон қувваҳои мусаллаҳ минтақаи асосиро, ки назди шаҳри Қундуз воқеъ аст, аз дасти Толибон пас гирифтаанд. Фармондеҳи Полиси ин минтақа Абдуссабур Нусратӣ мегӯяд: Қувваҳои давлатӣ ба сафи мухолифин хисороти сангин ворид кардаанд ва онҳоро аз минтақаи Чордара берун рондаанд. Задухӯрдҳо идома доранд.
АМИТ «Ховар»