14:21:34 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Муҳоҷирон дар ФР 15 рӯз аз бақайдгузорӣ дар макони будубош озоданд

Бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи талаботи нави қонунгузории Федератсия Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ сармашқи кори ҳамарӯзаи кормандони шуъбаи баҳисобгирии муҳоҷират ва назорати рафту омади шаҳрвандон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе буда,онҳо рӯз аз рӯз дар ин ҷода ба муваффақиятҳо ноил мегарданд.

Ба иттилои сухангуи Хадамоти муҳоҷират Абдулоҳи Қодирӣ, дар ҳафтаи гузашта ба Шуъбаи баҳисобгирии муҳоҷират зиёда аз 150 нафар шаҳрвандони мамлакат ба таври шифоҳӣ муроҷиат намуданд, ки ҳамаи муроҷиатҳои онҳо дар доираи ваколати худ қонеъ гардонида шуд.

Аз шумораи муроҷиаткунандагон 70 нафар барои донистани ҳолати ихроҷ (депортатсияи худ), аз ҷумла, 40 нафар дар он хусус, ки дар рӯйхати ихроҷ ё рондашудагон ҳастанд ё не, инчунин шумораи занҳои муроҷиатнамуда 20 нафарро ташкил дод, ки барои 3 нафари он воридшавӣ ба Федератсияи Русия манъ карда шудааст, 20 нафар оид ба донистан ва гирифтани маълумот дар бораи тағйироти воридшуда дар қонунгузории соҳаи муҳоҷирати меҳнатии Федератсияи Русия мебошад.

Акнун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Федератсияи Русия қарор доранд, аз уҳдадории бақайдгузорӣ дар макони будубош, дар мақомоти салоҳиятдори Федератсияи Русия ба муддати 15 рӯз озод мешаванд. Дар ҳолати аз 15 рӯз зиёд будубош намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия шаҳрванд ухдадор аст, ки дар мақомоти салоҳиятдори маҳали ҷойи зисти худ дар Федератсияи Русия мутобики қонунгузории он аз қайд гузарад.

Ҳангоми бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки азми сафари корӣ ба Русияро доранд, аз тарафи кормандони Шуъба буклетҳо дар бораи «Навовариҳо дар қонунгузори Федератсияи Русия, ки аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор дода шудаанд, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тақсим мешаванд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi