17:18:06 02-уми Июни 2025 сол

Баррасии масоили бонкӣ дар ҷаласаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

Тавре ки хабар додем, 16 -17 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 32 Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё (АвруОсиё) баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони бонкҳои марказии Беларус, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва сарвари Бонки байнидавлатӣ ширкат варзиданд.

Иштирокдорони ҷаласа зимни он ҷараёни иҷрои қарорҳои ҷаласаи 31 Шӯрои мазкур, чораҳо оид ба дастгирии бахши бонкӣ ва таъмини устувории молиявии низоми бонкии давлатҳои аъзои иттиҳод, вазъ ва тамоюли бозори асъори давлатҳои аъзо, таҳлили маҷмӯи маълумотҳо оид ба пардохти асъор, ки барои гардиши мол ва хизматрасонӣ миёни давлатҳои аъзо гузаронида мешаванд, ҳолати тавозунҳои пардохт ва динамикаи захираҳои байналмилалӣ, интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеиро мавриди баррасӣқарор доданд.

Намояндагони бонкҳои марказӣ(миллӣ) ҳамчунин дар ҷараёни муҳокимаи масъалаҳои фаъолияти Шӯрои машваратии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасонии молиявӣ, кори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои истеҳсоли тамғаҳои пулӣ, рушди бозори нумизмативӣ, барориши тангаҳои хотиравӣ ва коллексионӣ, мубориза бар зидди тақаллубкорони пулҳои қалбакӣ дар солҳои 2015-2016, мубодилаи маълумотҳои оморӣ, таҳлили қурбҳои асъори миллӣ ва тағйирёбии онҳо, замон ва макони баргузорӣ ва барномаи пешакии кории ҷаласаи 33-уми Шӯро ва масъалаҳои дигари муҳими бонкӣ фикру андеша ва мавқеи худро иброз доштанд.

Ҷаласа тибқи барномаи тасдиқшуда ду рӯз идома ёфта, баъди ба имзо расонидани Пайнавишти ҷаласаи 32 Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё анҷом ёфт.

Тибқи қарори қабулшуда ҷаласаи 33 Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор мешавад.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854