17:22:49 02-уми Июни 2025 сол

Муҳокимаи масоили ҳамкорӣ бо дафтари СБМ

Чанде пеш дар шаҳри Маскав мулоқоти муштараки роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират Зоҳир Мирзоев, роҳбари барномаҳои Дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Маскав Павел Шалус, роҳбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Юлия Мелничук ва раиси маркази иттилоотӣ Юлиана Павловская баргузор гардид.

Ҷонибҳо масоили рушди ҳамкорӣ, мусоидат ба танзими равандҳои муҳоҷират, расонидани ёрӣ ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли амалии проблемаҳои муҳоҷират, ҳамчунин зарурати дастгирии доимии қишрҳои эҳтиёҷманди муҳоҷиронро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ба беҳдошти заминаи техникӣ бо истифода аз усулҳои муосир барои афзун намудани самарабахшӣ ва дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ, зарурати вусъат бахшидани ҳамкорӣ ва ҷалби ҷамоаҳо ба раванди тараққиёт таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Ҷонибҳо аз вазъи ҳозираи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854