16:32:14 02-уми Июни 2025 сол

Ифтитоҳи шуъбаи ҷарроҳии дармонгоҳи тиббии РВКД дар Рашт

Дар доираи сафари хизматӣ вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Дармонгоҳи тиббии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ташриф оварда, шуъбаи ҷарроҳии дармонгоҳи мазкурро мавриди истифода қарор дод.

Мавриди зикр аст, ки дар дармонгоҳи мазкур барои фаро гирифтани беморон бо табобат ҳамаи шароитҳо муҳайё буда, он бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин шудааст. Бояд зикр намуд, ки табобати собиқадорон ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ройгон буда, нисбат ба онҳо ғамхории ҳамаҷониба зоҳир мешавад.

Дармонгоҳи тиббии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, дар он на танҳо собиқадорон ва кормандони милитсия, балки сокинони атрофи маҳал низ ба табобат фаро гирифта мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854