17:20:54 02-уми Июни 2025 сол

Бозии Бангладеш – Тоҷикистон бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт

Шоми дирӯз бозии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври дуюми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи "В" бо тими миллии Бангладеш бо ҳисоби мусовии 1-1 ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки голи дастаи бангладешиҳоро Ҷаҳид Ҳасан дар дақиқаи 50-ум ва голи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 88-ум ба ҳадаф расонданд.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Бангладеш чунин бозингарон шомил буд: 1. Алишер Тӯйчиев, 6. Сиёвуш Асроров, 19. Аҳтам Назаров (Соҳиб Саванкулов, 90), 20. Ҷаҳонгир Ҷалилов, 2. Далерҷон Тухтасунов, 9. Нуриддин Давронов, 10. Хуршед Маҳмудов (Фарҳод Тоҳиров, 58), 18. Фатҳулло Фатҳуллоев, 8. Умедҷон Шарифов (Аҳтам Ҳамроқулов, 46). 17. Дилшод Восиев (капитан) ва 21. Манучеҳр Ҷалилов мебошанд.

Хотиррасон менамоем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии навбати худро 8-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шахри Душанбе бо тими миллии Австралия анҷом медиҳад.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854