03:16:37 30-уми Январи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Январ 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Сулаймонӣ: Ҷуз Эрон касе тавони муқобила бо "Давлати исломӣ"-ро надорад

Фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"и Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфтааст, ки ҷуз Эрон ҳеҷқудрат тавони муқобила бо гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро надорад.

sulaymoni_98565454.jpgБа гузориши хабаргузории ИСНА-и эронӣ, Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи сипоҳи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Эрон ҳодисаҳои Ховари Миёнаро "як бӯҳрони мазҳабӣ" хонд, ки дар тӯли таърихи ислом собиқа надоштааст. Вай ҳамзамон гуфтааст, ки танҳо Эрон метавонад, ки бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" муқобила кунад.

Вай таъкид кард, ки "гурӯҳи "Давлати исломӣ" як тоъун ва як балои бузурге дар ҷаҳон аст... пас барои саломатии миллат бояд марзҳои худро карантин кунем ва ба кишварҳои ҳамсояи худ кӯмак кунем, то ин саратон ба кишварамон сироят накунад."

Фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон муқобила бо гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро як "амали бузург" ва "айни манофеи миллати Эрон" дониста ва афзудааст, ки "агар касе мардумро аз ин хабар огаҳ накунад, дар мусибати оянда шарик хоҳад шуд."

Ба гузориши хабаргузории Тасним"-и эронӣ, Қосим Сулаймонӣ таъкид кардааст, ки дар баробари "падидаи хатарнок"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ", касе ҷуз Ҷумҳурии исломии Эрон вуҷуд надорад. Фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣҳамзамон гуфтааст, ки Эрон ниёз ба "нафт ва хок"-и Ироқ надорад ва ба ҳама кишварҳое, ки ба гуфтаи ӯ, "зулм алайҳи онҳо раво дошта шуда", кӯмак мекунад.

Гуфтаҳои оқои Сулаймонӣ дар ҳоле баён мешавад, ки Аҳмадризо Пурдастон, фармондеҳи нерӯҳои заминии артиши Эрон рӯзи якшанбе бо ишора ба ин, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳамакнун дар наздикиҳои марзи Эрон ҳаст, гуфт буд, ки "имрӯз ҷои пойи Давлати исломиро дар Афғонистон ва Покистон мебинем ва онҳо худашонро омода мекунанд."

Дар ҳамин ҳол, Ваҳид Мужда, аз дипломатҳои пешини Толибон рӯзи якшанбе хабар дод, ки ҳайати сиёсии ин гурӯҳ дар сафари чанд рӯзи пеши худ ба Теҳрон бо мақомҳои Эрон дар бораи нигаронии Эрон аз фаъолиятҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар марзҳои шарқии Эрон гуфтугӯ кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi