14:53:51 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Путин гуноҳи ду маҳкумшуда дар Тоҷикистонро бахшид

Президенти Русия Владимир Путин бо имзои фармоне ҷурми ду корманди собиқи корхонаи коркарди уран - «Востокредмет» дар Тоҷикистонро, ки соли 2009 ба "хиёнати давлатӣ" айбдор шудаанд, бахшидааст.

putin-3265214545.jpgПрезиденти Русия Владимир Путин бо имзои фармоне ҷурми ду корманди собиқи корхонаи коркарди уран - «Востокредмет» дар Тоҷикистонро, ки соли 2009 ба "хиёнати давлатӣ" айбдор шудаанд, бахшидааст. Бо ин иттиҳом сармуҳандиси ин корхона – Александр Ботов ва сардори бахши сохтмони асосии «Востокредмет» Александр Бабошин ба 22 соли зиндон маҳкум шудаанд. Баъд аз эълони ҳукм бахши аъзами иттилоъ дар бораи ин парванда расонаӣ нашудааст.

Додгоҳи вилояти Суғд дар ин парванда ҳамчунин ду нафари дигар - мудири корхона Шавкат Бобоҷонов ва сарвари бахши амнияти дохилии  Матин Зиёевро барои 10 сол ва як шаҳрванди Узбакистон Виссарион Тенро барои 20 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Дар бораи рабти ин парванда ба Русия ё кишвари дигаре хабар дода намешуд.

Ин панҷ нафар дар моҳи июни соли 2009 аз ҷониби кормандони мақомоти амниятии вилояти Суғд боздошт шуда, муҳокимаи онҳо охири октябри ҳамон сол ба далели пинҳон доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ дар паси дарҳои баста анҷом ёфт. Бо ҳукми додгоҳ Шавкат Бобоҷонов – раҳбар ва Матин Зиёев – сарвари бахши амнияти дохилии корхонаи мазкур тибқи банди «сӯистифода аз мақоми хидматӣ», сармуҳандис – Александр Ботов ва Александр Бабошин – сардори бахши сохтмони «Востокредмет» бо ҷурми «хиёнат ба ватан» ва як шаҳрванди Узбакистон – Виссарион Тен бо гуноҳи «ҷосусӣ ба манфиати кишвари дигар" маҳкум карда шуданд.

Наил Киреев – вакили мудофеи Шавкат Бобоҷонов он вақт ба мо гуфта  буд, ки ҳамаи ширкаткунандагони муҳокима дар бораи ошкор накардани маълумот дар бораи ҷараён ва қарори додгоҳ забонхат додаанд, бинобар ҳамин наметавонад ҷузъиёти парвандаро ошкор намояд.

Бино бар иттилои расида, Бабошин ва Ботов, ки акнун аз тарафи президенти Русия авф шудаанд, соҳиби душаҳрвандӣ буда, баъд аз чанд муддат аз Тоҷикистон ба маҳбасҳои Русия истирдод шудаанд.

«Востокредмет» корхонаи машҳури коркарди уран воқеъ дар шаҳри Чкалов то фурӯпошии Итиҳоди Шӯравӣ мустақиман ба вилояти Маскав шомил мешуд ва дар ин ҷо аносири аввалин бомбаи атомии СССР таҳия шудааст. Дар солҳои баъдӣ он ба коркарди маъданҳои гуногун мутобиқ карда шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi