20:01:20 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Русия хостори таҳкими назорати гумрукӣ бо Тоҷикистон шудааст

Ҳукумати Русия ба президенти ин кишвар Владимиру Путин пешниҳод кардааст, ки бо Тоҷикистон дар бобати ифтитоҳи намояндагиҳои хадамоти гумрукии ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар созишнома ба имзо расонад.

tamozhny_445455.jpgДар торнамои расмии ҳукумати Русия гуфта мешавад, ки "боз кардани намояндагиҳои хадамоти гумруки ин ду давлат ба ҳамкории наздиктари онҳо мусоадат намуда, мурооти бештари иҷрои қонунгузориҳои марбута, тафтиш ва пешгирӣ аз нақзи муқаррарот, тезондани ҳаракати молу мавод ва дурустии пардохтҳои гумрукии байни онҳоро таъмин менамояд." Торнамои расмии ҳукумати Русия хабар додааст, ки лоиҳаи чунин қарор дар ҷаласаи ҳукумати Русия рӯзи 30 апрел баррасӣ шудааст.

Пешниҳоди таъсиси намояндагиҳои гумрукии Русия дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар ҳоле ба миён меояд, ки гардиши мол миёни ду давлат дар соли 2014 ба 1 миллиарду 274 миллион доллар расида, 24 дарсади ҳамаи додугирифти берунаи Тоҷикистонро ташкил додааст. Содироти моли Тоҷикистон ба Русия наздики 60 миллион доллар  ва воридот аз Русия 1 миллиарду. 215 миллион доллар ё 28% тамоми импорти Тоҷикистонро фаро мегирад. Рушди мубодилаи мол байни ду кишвар, ки дар соли 2013 ночиз буд, дар соли 2014 ба 37 дарсад расид.

Ҳамчунин пешниҳоди нави ҳукумати Русия дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки Маскав хостори шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёст. Агар ифтитоҳи намояндагии Хадамоти гумрукии Русия дар Тоҷикистон ба маънои таҳкими назорати гумрукӣ бошад, узвияти Тоҷикистон дар эътилофе, ки то ҳоло Русия, Бепларус, Қазоқистон ва Арманистон аъзои он буда, ба зудӣҚирғизистон бояд узви он шавад, ба маънои аз байн рафтани пардохтҳои гумрукии байни Русия ва Тоҷикистон аст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди узвият дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ҳанӯз тасмими рӯшан нагирифтааст ва танҳо гуфта мешавад, ки як ҳайати кории ин ҳукумат бо омӯзиши суду зиёни Тоҷикистон аз ин узвият машғул аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi