04:58:30 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ситораи Bollywood Салмон Хон ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳ ҳунарпешаи машҳури синамои ҳинд Салмон Хонро барои садамаи марговар ва фирор аз ҷои воқеа ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.

salman-khan_456589.jpgСитораи Bollywood Салмон Хони 49-сола барои пахш кардани панҷ нафаре, ки дар роҳраве дар шаҳри Мумбай хобида буданд, ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. Дар ин садама 1 нафар кушта ва 4 тан захмӣ шуда, худи ҳунарпеша саҳнаи воқеаро тарк карда буд. Пеш аз муҳокимаи додгоҳӣ эҳтимол мерафт, ки Салмон Хон ба камияш 10 сол гирад ё ба ҳабси абад маҳкум шавад.

Эҳтимол меравад, ки ҳунарпешаи машҳури синамои Ҳиндустон аз болои ин ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят барад. Агар шикояташ рад шавад, карйераи ӯ дар Bollywood ва ҳам қазияе, ки 12 сол идома дошт, ба поён мерасанд.

Салмон Хон дар беш аз 80 филм нақш бозида, чанд филми дигараш дар ҳоли таҳия шудан ҳастанд. Интизор меравад, ки бо ҳабси ин ҳунарпешаи машҳур саноати синамои ҳинд зиёда аз 31 миллион доллар сармоягузориро аз даст медиҳад.

Садамаи марговар дар беруни як дӯкони нони Мумбай 12 сол пеш, дар моҳи сентябри соли 2002 ба вуқӯъ пайваста буд. Муфаттишон мегӯянд, Хон идораи мошини гаронбаҳои худ – ҷипи Toyota Land Cruiser-ро аз даст дод ва аз болои афроди бехонае гузашт, ки дар пиёдароҳ хобида буданд. Вай аз тарабхонае, баъд аз нӯшидан бармегашт.

Ҳунарпеша даъво дошт, ки вай дар сари фармони мошин набуд, аммо муфаттишон ин иддаоро рад карданд ва ӯро ҳамчунин ба он муттаҳам намуданд, ки аз ҷойи воқеа фирор намуд ва ба осебдидагон кӯмак нарасонд.

Додгоҳ низ исбот кард, ки худи Салмон Хон дар паси фармони мошин буд ва ба ин тартиб ӯ ба куштори амдӣ айбдор дониста шуд.

Салмон Хон писари ҳунарпеша ва филмноманави саршиноси Ҳиндустон Салим Хон аст, ки дар даҳҳо филм ҳунарнамоӣ карда, муаллифи чанде аз беҳтарини онҳо ба шумор меравад. Филмҳо бо ширкати Салмон Хон дар Афғонистону Покистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар шӯҳрати зиёд доранд. Дар худи Ҳиндустон ӯ яке аз ҳунарпешагони раддаи аввал ба шумор меравад ва миллионҳо мухлису ҳаводор дорад, ки ҳоло аз ҳукми додгоҳ изҳори норогиӣ мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi