18:29:01 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз ширкати мобилии "Тселл"

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик аз Русия дар номае ба мо гуфтаанд, ки рӯзи севум аст, наметавонанд, бо наздикони худ дар Ишкошими Бадахшон тамоси телефонӣ дошта бошанд.

tcell-mobile-122145.jpg

Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик аз Русия дар номае ба мо аз дастнорас будани алоқаи мобилии "Тселл" дар ноҳияи Ишкошими Бадахшон шикоят карданд. Муҳоҷирон гуфтаанд, се рӯз боз наметавонанд бо наздикони худ суҳбат кунанд ва ин вазъ онҳоро нигарон кардааст.

"Алоқаи мобилии "Тселл" дар ноҳияи Ишкошим, водии Вахон, ҷамоати деҳоти Вранг қатъ аст. Муҳоҷирони меҳнатӣ ва сокинони ин водии дурдаст, ки дур аз падару модар ва хешу таборонашон зиндагӣ мекунанд, наметавонанд, бо наздиконашон дар тамос бошанд. Шабакаи телефонии "Тселл" низ барои муштариёнаш ҷавоби аниқ намедиҳад, ки бо кадом сабаб алоқа вуҷуд надорад. Бино бар ин мо аз ҳолу аҳволи наздиконамон 2 рӯз шуд хабар надорем ва дар хавотир ҳастем. Мехостем, ки шояд ба воситаи ин нома ба коргарони "Тселл" паём диҳем, то дар бобати ин масъала равшанӣ андозад ва алоқаро барқарор намоянд,"- таъкид шудааст дар нома.

Рӯзи 2 май навбатдори "Тселл" дар сӯҳбат бо хабарнигори мо даснорас будани алоқаи мобилии ин ширкат дар Ишкошимро ба мушкили техникӣ рабт дод. Мусоҳиби мо гуфт, ин мушкил базудӣҳал мешавад ва барои пеш омадани чунин вазъ маъзаратхоҳӣ кард.

Ҳафтаи гузашта низ чанде аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буданд, ки робитаи телефонӣ бо бархе аз манотиқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконпазир нест.

Соли гузашта баъд аз дастрас набудани интернет ба муштариёни "Тcell" дар вилояти Суғд, ширкат барои 5 рӯзи боз нашудани интернет, аз 4-ум то 8-уми октябри 2014 пули онҳоро баргардонд. Дар ин бора ба ҳар як муштарӣ паёмак ё СМС бо зикри маблағи баргардонишуда фиристода шуд.

Қисме аз саҳмияҳои "Тселл" ба бунёди Оғохон ва бахши аъзами сармояҳояш ба ширкати мухобиротии "Telia Sonera"-и Шветсия тааллуқ дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi