Шӯрои сиёсии ҲНИТ: "Натиҷаи интихоботро эътироф намекунем"
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ интихоботи парлумонии якуми мартро "ношаффоф ва ғайрииозод" дониста, гуфт, натиҷаҳои онро эътироф намекунад.
Шӯрои сиёсии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон интихоботи парлумонии якуми мартро “ношаффоф ва ғайриозод” таъриф карда, гуфт, натиҷаҳои пешакии онро, ки 2 март аз сӯи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) эълон шуд, эътироф намекунад.
Дар ин изҳороти расмӣ, ки 4 март интишор шуд, гуфта шудааст, ба далели он ки додгоҳҳои Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ “ирода ва истиқлолияти кофии касбӣ” надоранд, ҲНИТ барои додхоҳӣ ба ҷое арзу шикоят нахоҳад кард.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 2 март натиҷаи пешакии интихоботи парлумониро эълон кард, ки бар асоси он ҲНИТ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 1.5 дарсад овози сокинонро соҳиб шудааст. ҲНИТ дар интихоботи гузашта соҳиби 2 курсӣ дар Маҷлиси Намояндагон шуда буд.
«Озодӣ»