13:14:44 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Зайд, Саъд, Абӯ Оиша...Нашри ВИДЕО дар бораи ҳалокати 19 тоҷик дар Сурия ва Ироқ

Ҷангиёни тоҷик бо нашри як навори видеоӣ дар Интернет аз ҳалокати дастикам 19 зодаи Тоҷикистон дар ҷангҳои Ироқу Сурия хабар доданд. Дар як видеои чорунимдақиқаӣ, ки дар Итнернет аз номи ҷангиёни тоҷике, ки ба иддаои худашон, дар Сурияву Ироқ меҷанганд, нашр шуд, дар бораи ҳалокати 19 ҷангии тоҷик дар ин ду кишвари арабӣ хабар дода мешавад.

imron_56562122.jpgДар ин навор, ки ҳанӯз рӯзи 19 феврал бо номи “Шаҳид, Ин ша Аллоҳ бародарони хилофат тоҷикӣ” дар як саҳифаи марбут ба ҷангиёни тоҷики созмони тундрави “Давлати исломӣ” нашр шудааст, макон ва замони мушаххаси кушта шудани ин 19 нафар гуфта намешавад.  Аз титрҳои ин навор танҳо бармеояд, ки онҳо дар Сурия ва Ироқҷон бохтаанд.

Муаллифи видео, ки худро “режисёр Абӯ Талҳа” ном кардааст, зери як таронаи “ҷиҳодӣ” акс ва танҳо исм ё лақаби 19 нафареро, ки ба иддаои ӯ, ҳамагӣ аз Тоҷикистонанд ва дар Сурия ё Ироқин ша Аллоҳ, шаҳид шудаанд”,  пайи ҳам бармечинад.

Ному лақабҳои ин 19 тоҷикистонии кушташуда дар Сурияву Ироқ, ба иддаои ноширони ин видео, чунин аст: Абӯ Сӯфён, Анас Абдуллоҳ, Абдуворис, АбӯҲафса, Абӯ Оиша, Абӯ Баро, Абдуллоҳ, Зайд, Муҳаммад, Қорӣ Абдураҳмон, Ислом, АбӯҲурайра, Абӯ Юсуф, Алӣ, Имрон, Саъд, Саид, Иброҳим ва Акои Бобохон.

Ташхиси воқеъияти ин навор ва иддаои ноширонаш дар бораи ҳалокати 19 тоҷики дигар дар Ироқу Сурия имкон надорад. Ношири видео дар бораи шахсияти онҳо маълумоти дигаре наовардааст ва ин ҳам норӯшан боқӣ мемонад, ки оё онҳо, агар дар воқеъ дар Сурияву Ироқ кушта шудаанд, кай ва дар куҷову дар кадом ҳолат аз олам рафтаанд? Аммо дида мешавад, ки ҳамаи ин тоҷикони кушташуда ҷавонанд.

Нашри видео дар бораи ҳалокати 19 зодаи Тоҷикистон дар ҷангҳои бегона дар Ховари Миёна дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2014 ҳалокати дастикам 50 тоҷик дар Сурия ва Ироқро тасдиқ карда, ҷамъи ҷангиёни тоҷик дар ин ду кишвари арабиро то 300 нафар гуфта буданд. Баъди он дар бораи ҳалокати ҳудудан 10 тоҷики дигар дар Сурия ё Ироқ гузориш шуда буд.

Охирин хабар дар ин бора хабари ҳалокати Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ, як воиз ва сухангӯи асосии ҷангиёни тоҷик дар сафи созмони тундрави “Давлати исломӣ” ва се ҷангии дигари тоҷикистонӣ дар аввали моҳи феврал буд.

Таҳқиқоти хабарнигори мо Мӯъмин Аҳмадӣ баъдан маълум кард, ки Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ дар шаҳри Мувсили Ироқ бар асари ҳамлаи ҳавоии эътилофи таҳти раҳбарии Амрико кушта шудааст. Ҳамчунин маълум шуд, ки ин ҷангӣ дар асл қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон дар муҳорибаи бидуни қоида ва донишҷӯи собиқи Донишгоҳи славянии Душанбе Алан Чикранов будааст, ки дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон аз падари тоҷику модари осетин ба дунё омадааст.

Дар айни саҳифаи марбут ба ҷангиёни тоҷики созмони “Давлати исломӣ” дар шабакаи “Одноклассники”, ки навори ҳалокати 19 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, дар ин ҳафта ду видеои дигари ҷангиёни тоҷикистонӣ нашр шудааст.

Дар яке аз ин наворҳо, ки бо номи “Даъват ба ҷиҳод” нашр шудааст, гӯянда, ки вайро ношири видео “Мулло Умар” ном мебарад, дар миёни 6 силоҳбадасти дигар зоҳир шуда, рӯҳониёни расмии Тоҷикистонро барои ботил хондани “ҷиҳод”-и онҳо дар Сурияву Ироқ “сӯфиёни бадбахт” ном мебарад. Ӯҳамчунин таҳдид мекунад, ки онҳо бо парчамҳои “ҷиҳодӣ” ба Тоҷикистон баргашта, “садои демократиҳоро дафъ мекунем ва бо куштани кофирон қонуни Аллоҳро дар Тоҷикистон ҳам ҷорӣ мекунем.”

Дар навори дуюм як ҷангии дигар, ки номаш оварда нашудааст, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба интиқод мекашад, ки дар кишвараш қонунҳои зиддиисломиро ҷорӣ ва ташвиқ мекунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi