18:06:18 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Суханронии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ЭКО

Дар шаҳри Теҳрон 25 - умин ҷаласаи Шӯрои банақшагирии минтақавии кишвархои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ба кор оғоз кард. Дар ин ҷаласа сафирони 10 кишвари узви ЭКО ва низ ҳайатҳои намояндагии кишварҳои аъзо ширкат доштанд. Дар ҷаласаи мазкур Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶТ дар ҶИЭ Неъматулло Эмомзода ширкат ва суханронӣ намуд.

n.emomzoda-5412214554.jpgН. Эмомзода, ки ҳамзамон намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) маҳсуб мешавад, дар суханронии худ дар ҷамъи ширкаткунандагон роҷеъ ба дурнамои Созмони мазкур ишора намуда, таваҷҷуҳи ҳозиронро ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва заминаҳои мавҷуд дар ин амр, бахусус дар хусуси масъалаҳои истифодаи оқилона аз захирахои обии энергетикӣ, нақлиёт, савдо, сармоягузорӣ, саноат, сохтмон ва иҷрои нақшаи амалии созмон дар бораи мусоидат дар таҷдиди Афғонистон ҷалб намуд.

Ҳамчунин, Сафир ширкаткунандагонро бо барномаҳои Тоҷикистон дар соли 2015, аз ҷумла ҷаласаи вазирони фарҳанги кишварҳои ЭКО (21 - 23 март, шаҳри Хуҷанд), баргузории Конфронси байналмилалии амал "Об барои ҳаёт", 2005 - 2015 ва талошҳои минбаъда ҷиҳати ноил гардидан ба рушди устувори захираҳои обӣ, ки 9 - 11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ошно ва аҳамияти онҳоро бозгӯ намуд.

Ёдовар мешавем, ки 25 – умин ҷаласаи Шӯрои барномарезии минтақавии ЭКО рӯзҳои 1 - 5 марти соли равон дар Теҳрон баргузор мегардад ва ҳайати бонуфузи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ҷаласаҳои Шӯро ширкат меварзанд.

Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО), барои “Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi