04:47:40 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳалокати Абӯ Муҳамммад Ат-Тоҷикӣ - воизи асосии ҷангиёни тоҷик дар Сурия

Дар Интернет хабари ҳалокати 4 ҷангии тоҷик, бо шумули Абӯ Муҳамммад Ат-Тоҷикӣ, як воизи асосии ҷангиёни тоҷик дар Сурия, нашр шудааст.

abu-muhammad-tajik_254656.jpgДар як саҳифаи марбут ба ҷангиёни зодаи Шӯравии собиқ дар шабакаи иҷтимоии русии “Одноклассники” хабари ҳалокати 4 ҷангии тоҷик дар Ховари Миёна нашр шудааст. Дар як паёми кӯтоҳи ҷангиён, ки ҳанӯз рӯзи 6 феврал дар саҳифаи ба ҷангиён наздики ”Шариат – закон жизни мусульман” нашр шудааст, лақаби он ҳам танҳо яке аз ин ҷангиён – Абӯ Муҳамммад Ат-Тоҷикӣ -  оварда шудааст.

Дар ин паёми иборат аз ҳамагӣ чанд ҷумла навиштаанд, “БОЗ ЯК БАРОДАРИ МО, иншоАллоҳ, шаҳид шуд... Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикии мо, субҳонАллоҳ. Тавре маълум аст, ҳамроҳи ӯ боз 3 бародар аз Тоҷикистон ба шаҳодат расиданд,иншоАллоҳ. Барои онҳо дуо кунед!!! Бигзор Аллоҳ шаҳодати ҳамаи онҳоеро, ки дар роҳи Ӯҷон медиҳанд, бипазирад. Омин!!!”

Ташхиси воқеъияти ин иддао дар бораи ҳалокати боз 4 тоҷик дар ба ном “ҷиҳод” ва мушаххасан дар кадом гӯшаи Ховари Миёна – дар Сурия ё Ироқ кушта шудани онҳо имкон надорад. Ин ҳам рӯшан нест, ки онҳо дар сафи “Давлати исломӣ” меҷангиданд ваё бо кадом гурӯҳи дигари тундгаро?

Аммо Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ аз ҷангиёни тоҷикистонӣ дар ҷанги Сурия буд, ки дар миёни ҷангиёни тоҷики аз нигоҳи саводи мазҳабӣ камсавод фарқ мекард ва як сухангӯ ва воизи асосии ҷангиёни тоҷик дар Сурияву Ироқ ба шумор мерафт. Дар шабакаи Ютуб даҳҳо наворҳои видеоӣ нашр шудаанд, ки дар онҳо Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ дар мавзӯъҳои мухталиф асосан аз дидгоҳи “ҷиҳодӣ” вазъ мегуфт ва мансабдорони Тоҷикистонро ба мурооти меъёрҳои Шариат, рӯҳониёни тоҷикро ба эътирофи “ҷиҳод” дар Сурияву Ироқ ва мардумро ба ин “ҷиҳод” даъват мекард.

Як мавъизаи ӯ аз ҷумла дар масъалаи “Ширк” ва дигаре дар бобати “Тавҳид” аст. Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ дар ин мавъизаҳо “ҷиҳод” дар Ховари Миёна ва ҷангҳои созмони тундрави “Давлати исломӣ”-ро “роҳи ҳақ” меномид ва рӯҳониёни тоҷикро мазаммат мекард, ки ҳирси ин дунёро боло гузошта, ба хидмати давлати, ба ақидаи ӯ, “душмани дин” камар бастаанд ва аз азоби охират фикр намекунанд.

Хабари ҳалокати боз 4 тоҷики дигар дар ҷангҳои Ховари Миёна дар ҳоле ба даст мерасад, ки бино ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, танҳо дар Сурия то имрӯз беш аз 50 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд.

Ҷамъи ҷангиёни зодаи Тоҷикистонро дар Сурияву Ироқ мақомоти Душанбе то 300 нафар тахмин мезананд. Аммо худи ин ҷангиён шумори зодаҳои Тоҷикистон дар ин ҷангҳои бегона дар як сарзамини аз Ватани онҳо беш аз 4000 километрро дурро дастикам 1000 нафар мегӯянд ва иддао доранд, ки бо таъмини пирӯзии “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ маҳдуд шуданӣ нестанд,балки ҳадафи онҳо эҳёи “хилофати исломӣ” дар саросари дунё, аз ҷумла дар Осиёи Марказист.

Зимнан тамоми ин минтақа дар харитаи ин созмони ифротӣҳамроҳ бо шарқи Эрону Афғонистон ва Покистону Ҳинд ҳамчун як бахши вилояти “Хуросон” тасвир шудааст. Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ низ то кушта шуданаш дар мавъизаҳои худ дар бораи “ҷиҳод” дар Тоҷикистон бисёр сӯҳбат мекард.

Номи аслии Абӯ Муҳаммад Ат-Тоҷикӣ ва аз кадом гӯшаи Тоҷикистон будани ӯҳанӯз маълум нест. Агар касе аз хонандагони мо ӯро бишиносад, хоҳиш мекунем, ба мо хабар диҳед.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi