Ифтитоҳи мактаб дар деҳаи Ҷилга
Намояндагони Сафорати ИМА ва раиси ноҳияи Шуробод Амирхон Икромзода дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Ҷилгаи ноҳияи Шурободи вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Аз соли 2011 Сафорати ИМА бо роҳбарияти ноҳияи Шуробод бо мақсади сохтани мактаб дар деҳаи Ҷилга ҳамкории наздик дошт. Мактаби нав ба кӯдакони деҳаҳои атрофу дурдаст барои гирифтани маълумот имконияти зарурӣ фароҳам овардааст. Акнун мактаби нави деҳаи Ҷилга метавонад 350 кӯдакро, ки ба маълумот дастрасӣ надоштанд, фаро гирад.
Ифтитоҳи мактаби нави деҳаи Ҷилга шаҳодати яке аз роҳҳои зиёде, ки Ҳукумати ИМА бо Раёсати маорифи ноҳияи Шуробод ҷиҳати баланд бардоштани сифати зиндагию маълумоти хонандагони ноҳия ҳамкорӣ намудааст.
Тибқи иттилои Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз соли 1992 то ин ҷониб, Амрико маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоиро барои барномаҳо ва кӯмаки башардӯстона ҷиҳати дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷудо намудааст.
«Рӯзгор»