08:19:13 06-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: 2 вазир ва 5 раиси нав

Бо фармонҳои нави раиси ҷумҳур, Неъматулло Ҳикматуллозода вазири рушди иқтисод ва савдо ва Шералӣ Ганҷалзода вазири нақлиёт таъин шуданд. Инчунин, раисони 5 ноҳияи кишвар иваз гардиданд.

tainoti-kadri-2015.jpgЭмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 3 феврал ба тағйироти кадрӣ дар командааш идома дод. Бар асоси фармонҳои нави ӯ, Неъматулло Ҳикматуллозода вазири рушди иқтисод ва савдо ва Шералӣ Ганҷалзода вазири нави нақлиёт таъин шуданд.

Ҳикматуллозода дар мақоми вазири рушди иқтисод Шариф Раҳимзодаро иваз кард, ки номзадияш аз тарафи ҳизби халқӣ-демократӣ ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шудааст. Неъматулло Ҳикматуллозода (қаблан - Неъматҷон Бӯриев) то ин дам ноиби аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва аз он пештар масъули умури ислоҳоти иқтисодӣ дар Дастгоҳи иҷроияи президент буд. Вай 7 майи соли 1969 дар Душанбе таваллуд шуда, соли 1991 Донишкадаи хоҷагии халқи Маскав ва соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди раисиҷумҳури Русияро хатм намудааст.

Шералӣ Ганҷалзода, ки то кунун ба ҳайси муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон кор мекард, дар мақоми вазирӣ Хайрулло Асозодаро иваз намуд. Ҷаноби Асозода аз моҳи ноябри соли 2013 ба ин тараф раҳбарии Вазорати нақлиётро бар ӯҳда дошт ва ҳоло номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон аз тарафи ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ аз ноҳияи Файзобод мебошад.

Шералӣ Ганҷалзода 15 январи соли 1965 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 1986 Донишгоҳи политехникиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончии роҳҳои автомобилгард хатм кардааст. Ӯ дар гузашта вазифаҳои сардори Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ, раиси кооперативи истеҳсолии "Роҳсоз"-и Душанбе ва муовини сардори Сарраёсати ободонии пойтахтро бар дӯш дошт. Солҳои 2009-2013 дар мансаби муовини якуми раиси ноҳияи Сино низ кор кардааст.

Инчунин, бар асоси фармонҳои нави президент, Хайрулло Амонулло – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, Наим Набизода - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан, Умар Ёқубзода - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон, Рустамбой Ҷӯраев - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ғончӣ, Ислом Шафиев - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент таъин шудаанд.

Дар идома раиси ҷумҳур бо фармони худ Абдумансур Сатторовро директори маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”-и Дастгоҳи иҷроияи президент таъин кардааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 феврал кадрҳои тозатаъинро ба ҳузур пазируфта, “онҳоро ба кори пурсамар ва хизмати софдилонаю содиқона ба халқу ватан” даъват кардааст. Оқои Раҳмон аз вазирони нави иқтисоду савдо ва нақлиёт хостааст, чораҳои зиддибуҳронӣ андешида, ба анҷом расондани раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣталоши худро бикунанд.

“Ба роҳбарони нави шаҳру ноҳияҳо дар бораи дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ супоришҳои мушаххас дода шуд”,-омадааст дар хабари торнамои расмии президент.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, “ҳар як роҳбар ва ҳар як ходими давлатию ҷамъиятӣ барои таъмини рушди босуботи кишвар ва ҳифзи оромию осоиши зиндагии мардум масъул аст.”

Ҳафтае пеш раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба таври ғайричашмдошт Шерхон Салимзодаро аз симати додситони кул барканор ва ба ҷои ӯ Юсуф Раҳмоновро таъин кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi