13:36:22 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Боздошти як муаззин дар Панҷ бо гумони таҷовузи духтари 6-сола

Як муаззини 73-сола аз ноҳияи Панҷ бо гумони таҷовуз ба номуси духтари 6-сола дастгир шудааст. Мақомот мегӯянд, ин иттиҳом ҷузъи ба ном маъракаи бадномкуниии рӯҳониён нест, балки воқеият дорад.

masjid-panj_5454665.jpgҚадамҶобиров, муаззини 73-солаи масҷиди деҳаи Вахиёи ҷамоати “Нури Ваҳдат”-и ноҳияи Панҷ бо ҷурми таҷовузи духтарчаи 6-сола боздошт шуда, дар боздоштгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нигоҳ дошта мешавад.

Мақомоти умури дохилаи Панҷ мегӯянд, мардум баъди хабар ёфтан аз ин “амали нангин” хостаанд, ӯро худ сангсор кунанд, аммо мақомоти милиса хашми мардуми деҳаро фурӯ нишонда, муаззинро боздошт кардаанд.

 Фирӯзшоҳ Одинаев, сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Панҷ рӯзи 22 январ дар суҳбати телефонӣ бо мо боздошти ин пирамард бо чунин иттиҳоми, ба гуфтаи ӯ, “нангин”-ро тасдиқ кард. Ҷаноби Одинаев гуфт, ки Қадам Ҷобиров 73 сол дошта, соҳиби 10 фарзанд ва даҳҳо набера будааст.

Ба гуфтаи сардори ШКД Панҷ, ин пирамард охирҳои моҳи декабр ва аввалҳои моҳи январи соли 2015 як духтарчаит 6-соларо бо наберааш дар масҷид дида, баъди ба хона рафтани наберааш ба номуси духтар расидааст. Аммо модари ин кӯдак хабардор шуда, ба мақомот хабар додааст. Одинаев гуфт, муаззин ин ититҳомро алллакай эътироф кардааст.

Аз шӯъбаи пулиси ноҳияи Панҷ ба мо ҳамчунин гуфтанд, ки алайҳи Қадам Ҷобиров тибқи моддаи 139, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне бачабозӣ(педофилия) ва дигар кирдорҳои хусусияти шаҳвонидошта алайҳи нафари синнаш баръало аз 14 пойин, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои чунин ҷиноят ҳамчун ҷазо аз 15 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Пайвандони духтари ноболиғаз пулис хоҳиш кардаанд, ки номи онҳоро ошкор накунанд. Аммо наздикони Қадам Ҷобиров низ аз суҳбат худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, ки аллакай ба андозаи кофӣ шарманда шудаанд.

Фирӯзшоҳ Одинаев, сардори ШКД Панҷ гуфт, ки ин парванда ҳанӯз мавриди баррасӣқарор дорад. Аммо ӯ бархе сарусадоҳои бархостаро, ки гӯё боздошти Қадам Ҷобиров ҳам ҷузъе аз маъракаи “шикор” ё бадном кардани рӯҳониён бошад, беасос номид. Ҷаноби Одинаев гуфт, ин рӯҳонӣ бар асоси аризаи модари қурбонии таҷовуз дастгир шудааст, вагарна мақомот аз вуҷуди муаззине бо чунин ном дар деҳаи Вахиё аслан дарак надоштанд.

Боздошти ин муаззин бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари 6-сола дар ҳоле эълон мешавад, ки тайи қариб 2 соли охир дар Тоҷикистон як силсила наворҳои марбут ба “ишқбозӣ”-ҳои рӯҳониён расонаӣ шуд ва чанд рӯҳонӣ аллакай барои чунин бадахлоқиҳо ҳукми зиндон ҳам гирифтааст. Аммо то кунун ин иттиҳомот бештар ба бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба занону духтарони баркамол рабт мегирифт.

Қазияи Панҷ нахустин парвандаи ба бачабозӣ(педофилия) айбдор шудани як рӯҳонӣ дар Тоҷикистон дар солҳои охир аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi