20:23:35 02-уми Июни 2025 сол

Сиёсати Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон созанда аст

Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки сиёсат ва таомули Ҳизби Наҳзати исломӣ дар ин кишвар дар баробари давлат ва ҷомеа созанда аст.

logo-nahzat 45664445Ба гузориши сайти Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон, Зулфиқори Исмоилиён таъкид карда аст, ки бо вуҷуди фишори шадиди таблиғотии расонаиҳои давлатӣ бар ин ҳизб, дар остонаи баргузории интихоботи порлумонӣ дар аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар ин кишвар, мақомоти масъули ин гурӯҳи сиёсӣ сабр ва таҳаммулро пеша кардаанд.

Вай гуфта аст, ки дар шароити феълии сиёсии ҳассоси Тоҷикистон агар ба ҷойи Ҳизби Наҳзати исломӣҳар гурӯҳи дигар мебуд, ба эҳтимоли қавӣ наметавонист дар муқобили ин ҳуҷумҳои бузурги фишори расонаӣ биистад ва ё дучори дудастагӣ ва ихтилофоти дохилӣ мешуд, ки қаблан аҳзоби демократ ва сотсиалист ба ин сарнавишт дучор шуда буданд.

Зулфиқори Исмоилиён далели ин ки Ҳизби Наҳзати исломӣ дар се интихоботи порлумонии қаблӣ пас аз барқарории сулҳ ва оромиш дар Тоҷикистон бо вуҷуди эътибори ин гурӯҳи исломии сиёсӣ, танҳои ду намоянда ба маҷлиси қонунгузории ин кишвар фиристода, фишорҳои мухталифи расонаӣ бо ҳадафи зарба задан ба ҷойгоҳи ин ҳизб унвон карда аст.

Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи порлумонии аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар ин кишвар, 27 нафарро ба унвони номзад муаррифӣ карда аст.

http://tajik.irib.ir/

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854