10:40:05 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Даргузашти генерал Сӯҳроб Қосимов

Cӯҳроб Қосимов, аз фармондеҳони пешини Фронти халқӣ ва собиқ фармондеҳи бригадаи зудамали таъйиноти махсуси вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, шаби душанбе ба сешанбе бар асари бемории тӯлонӣ даргузашт.

мГенерали маъруф Сӯҳроб Қосимов, ки аз чанд сол ба ин тараф аз  бемории саратон ранҷ мебурд, шаби душанбе ба сешанбе дар манзилаш дар шаҳри Душанбе даргузашт. Наздикони Сӯҳроб Қосимов бо таъиди ин хабар гуфтанд, ки маросими ҷанозаи ӯ имрӯз дар манзилаш дар Душанбе доир мешавад ва ҷасадаш дар яке аз оромгоҳҳои пойтахт ба хок супурда хоҳад шуд.

Сӯҳроб Қосимов аз ҷумлаи он фармондеҳоне аст, ки дар оғози нооромиҳо дар Тоҷикистон дар авоили солҳои навад шинохта шуд ва дар рӯёрӯии нерӯҳои ҳукумати Тоҷикистон бо размандагони нерӯҳои Иттиҳоди мухолифони пешин, нақши бориз дошт.

Вай ҳамчун фармондеҳи бригадаи зудамали таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки пойгоҳаш дар маҳаллаи Қулпистаи ноҳияи Варзоб ҷойгир буд, то соли 2007 ба муддати 15 сол дар ин мақом ифои вазифа кард. Сӯҳроб Қосимов баъд аз тарки симати фармондеҳи бригадаи махсус ба мақоми раиси Федератсияи футбол нишаст. Аммо дар авоили соли 2012 ин курсӣ ба Рустами Эмомалӣ, писари президент дода шуд.

Сӯҳроб Қосимов 2 сентябри соли 1961 дар ноҳияи Совет (Темурмалики ҳозира) таваллуд шудааст. Соли 1968 хонаводаи онҳо ба ноҳияи Данғара кӯч баст ва вай дар соли 1978 мактаби миёнаро хатм кард. Ҳини таҳсил дар мактаби миёна устоди варзиш оид ба тениси рӯи мизи шудааст. Соли 1980 ба Донишкадаи омӯзгории Маскав ба номи Ленин  дохил шуда ва соли 1985 онро хатм намуд. То оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, зиндагии маъмулӣ дошта ва ҳамчун омӯзгор дар мактаб-интернати рақами 3-и шаҳри Душанбе фаъолият мекард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi