17:14:08 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳабси абад барои таҷовуз ба номуси духтари 5-сола

Додгоҳи вилояти Хатлон маҳбуси фирориеро, ки дар рабудану таҷовузи як кӯдаки ноболиғ гумонбар дониста мешуд, ба ҳукми абад маҳкум кард. Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 26 ноябр маҳбуси фирорӣ Намозалӣ Сатторовро тибқи чор моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳкор дониста, талаби додистони дар мавриди ҳукми абад додан ба ӯро пурра қонеъ кард.

namozali-sattorov-56231245Салимзода Саид Восӣ, муфаттиши шӯъбаи тафтишоти парвандаҳоиҷиноятии махсусан муҳими додситонии вилояти Хатлон ба мо гуфт, ба он хотир додситон ҳукми абади муттаҳамро хост, ки ӯқаблан се маротиба бо ҷиноёти гуногун равонаи зиндон шуда буд. “Мо паравандаҳои ӯро омӯхта, ба хулосаи расидем, ки ин нафар дар ҳақиқатҷинояткори хавнок буд, бо вуҷуди се маротибюа зиндон шудан ислоҳ нашудааст,” – гуфт Салимзода.

Сатторов Намозалӣ моҳи сентябр аз зиндони воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат фирор карда, дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо зане, ки бо ду кӯдаки хӯрдсол аз шавҳар ҷудо шуда буд, ошноӣ пайдо мекунад.

Салимзода Саид Восӣ инчунин гуфт, Намозалӣ Сатторов баъд аз фирораш аз зиндон ба Қӯрғонтеппа рафта, бо Гулбаҳор Зокирова шинос шудааст: “Ин зан, ки аз шавҳараш бо ду кӯдак ҷудо шуда будааст, дархости ин ҷавон барои зиндагии муштаракро қабул мекунад, аммо Сатторов пеш аз иди Қурбон бо баҳонаи ба тартиб даровардани мӯйи сари духтари 5-солаи ин зан ва писари 3-сола онҳоро аз хона берун мебарад. Писарро назди сартарош гузошта, духтарро ба ноҳияи Рӯдакӣ оварда, дар миёни киштзоре ба номусаш таҷовуз мекунад.”

Мусоҳиби мо аз додситонии вилояти Хатлон афзуд, кӯдакро дар ҳоли беҳушӣ сокинон пайдо карда, ба мақомот хабар додаанд. Ҳамаи кирдорҳои ӯро додгоҳ бар асоси моддаҳои 365 қисми 1(гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ), 130 қисми 3, банди б (рабудани кӯдаки ноболиғ бо мақсадҳои шавҳонӣ), 138 қисми 3 (таҷовуз ба номуси ноболиғ), 139 қисми 4 (ҳаракати зуроварии хусусияти шавҳонидошта нисбат ба ноболиғ)- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ кардааст.

Қазияи таҷовуз ба номуси як духтари 5-сола аз сӯи маҳбусе, ки аз зиндон фирор кардааст, дар ду моҳи пеш дар ҷомиаи Тоҷикистон сару садои зиёде ба по карда буд. Дар баҳсҳои интернетӣ ва дар сӯҳбатҳои мардум аксар талаб доштанд, ки чунин афродро бояд ҳукми қатл бидиҳанд. Аммо азбаски дар Тоҷикистон судури ҳукми қатл таҳти мораторий қарор дорад, ба унвони ҷазои олӣ тайи дастикам 10 соли охир ҳабси абад истифода мешавад, ки додгоҳи вилояти Хатлон Намозалӣ Сатторовро ба чунин ҷазои олӣ маҳкум кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi