17:18:02 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«Фирдавсӣ» ба саҳна мебарояд

Мирзоватан Миров, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, коргардони маъруфи Театри давлатии Ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов имрӯзҳо бо даъвати раҳбарияти Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб дар ин шаҳри бостонӣ бо таҳияи пиесаи нави Меҳмон Бахтӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон «Фирдавсӣ» машғул аст.

mirzovatan-7458512Нахустнамоиши намоишномаи «Фидавсӣ» қарор аст дар миёнаҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ дар саҳнаи театри мазкур баргузор гардад. Драмаи «Фирдавсӣ» иборат аз ҳафта саҳна буда мазмуни он асосан моҷароеро дар бар гирифтааст, ки баъди ба подшоҳи вақт Султон Маҳмуди Ғазнавӣ номаи ҳаҷвӣ навиштани муаллифи «Шоҳнома» дар ҳаёти ӯ ба вуқуъ мепайвандад.

Дар ин намоишнома нақши Фирдавсиро Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон Мирзо Раҳмонов, нақши Дарвешро Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон Худойназар Тилавов ва нақши Тобонро Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон, директори театр, Амина Табарова бозӣ мекунанд.

Хотиррасон мекунем, ки Мирзоватан Миров, фаъолияти эҷодии худро ҳамчун ҳунарманд ва коргардони театр асосан аз ҳамин даргоҳ шуруъ кардааст. Алоқамандони собиқадори театри тоҷик намоишномаҳои дар ин ҷо таҳиянамудаи ӯ «Дар чорсӯ»-и нависанда ва драматурги маъруф Нурмуҳаммад Табаров ва «Фишор»-и Шоири Халқии Тоҷикистон марҳум Сафармуҳаммад Аюбиро ҳанӯз аз ёдҳо фаромӯш накардаанд. Ин намоишномаҳо дар ҳаёти иҷтимоии солҳои қабл аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвар нақши муҳиме доштанд.

Барои мисол намоишномаи «Фишор» он солҳо ҳам дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Парасту» дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар фестивал-озмуни байналмилалии «Наврӯз» дар шаҳри Алма-Ато ба гирифтани ҷоизаи аввал сазовор шуда буд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi