15:25:35 09-уми Апрели 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«Гулбонги адаб» ба «Базми ишқ» овард

 Дирӯз, 21.10.2014, бо ибтикори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ва Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар яке аз толорҳои барҳавои  китобхона маҳфили навбатии  «Гулбонги адаб» таҳти унвони «Базми ишқ» дар шакли як композитсияи адабӣ-мусиқӣбаргузор гардид, ки он ба ифтихори 600- солагии  зодрӯзи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида шуд.

hurinissa-5656213Дар оғози маҳфил Ҳуриннисо Алиева, муовини директори МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ҳозиринро, ки асосан аҳли зиёи Тоҷикистону Афғонистону Эрон буданд, хайра мақдам гуфт.  Ҳунармандони Театри давлатии академии ба номи устод Лоҳутӣ Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ровии маъруф Ортиқи Қодир ҳунарпешаҳои шинохта Хуршед Мустафоев, Малоҳат Абдуллоева, Насриддин Асадуллоев, Савлатмоҳ Ҳақназарова ва гуруҳи ҳунармандони ансамбли Одина Ҳошим таҳти сарварии Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов  бо заҳмати хеш ба чорабинии  мазкур ҳусну шукуҳи тозае бахшиданд.

Ортиқи Қодир намунаҳоеро аз ашъори лирикии  Мавлоно Ҷомӣ бо маҳорати баланди ба худ хос пешкаши тамошобинон кард ва ба  истиқболи гарм рӯ ба рӯ шуд. Таронаҳоеро, ки гуруҳи устод Одина Ҳошим дар ин маҳфил хонданд, ҳамагӣ бар пояи ашъори Мавлоно Ҷомӣ аз сӯи зиндаёд Ҳофизи Мардумии Тоҷикистон устод Одина Ҳошим сохта шуда буданд, ки  аз солҳои ҳафтодум ба баъди асри гузашта аз беҳтарин  сурудҳои рӯз ба шумор мерафтанд. Саҳнаҳое, ки аз сӯи ҳунармандони Театр дар ин базм бар асоси достонҳои «Юсуф ва Зулайхо» ва «Лайлӣ ва Маҷнун»- Мавлоно Ҷомӣ офарида шуданд, низ писанди тамошобинони соҳибзавқ гардиданд.

Дар ин ҷо Шумо аксҳоеро аз ин маҳфил хоҳед дид.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi