00:31:07 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Номи Кабирӣ аз рӯйхати "500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон" бардошта шуд

Пажуҳишгоҳи исломии Уммон бо нашри гузориши ҷадидаш зери унвони "500 мусулмони бонуфузи соли 2014 – 2015" номи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро аз ин рӯйхат лағв кардааст.

kabiri-65895656.jpgБа гузориши "Озодагон", таҳиягарони гузориш дар соли 2013-ум Муҳиддин Кабириро дар рӯйхати "500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон" зикр карда, аз ӯҳамчун нафаре, ки тавонистааст Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро аз парокандашавӣ наҷот диҳад, ёдоварӣ намуда буданд.

Қаблан аз Кабирӣ пештар дар ин феҳраст Тоҷикистонро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ мекард, ки ӯ низ дар ду соли охир ба ин рӯйхат ворид нашудааст.

Инчунин имсол аз ин рӯйхат Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон берун мондааст. Дар қатори чеҳраҳои нави ин рӯйхат Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури ҷадиди Афғонистон номбар шудааст.

Дар сархати феҳристи нави мусалмонони бонуфузтарин шоҳи Арабистони Саудӣ, Абдуллоҳ бин Абдулазиз қарор дорад. Дар пайи ӯ Аҳмад Муҳаммад Ат-Тайиб, шайхи Донишгоҳи "Ал-Азҳар" аз Миср ва раҳбари муаззами инқилоби Эрон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣҷой гирифтаанд.

Оқохони IV, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-уми исмоилиён дар феҳрасти мусалмонони бунуфузтарин ҷои 39-умро гирифтааст. Гузоришгарон мегӯянд, аз Оқохони IV то 15 миллион нафар дар саросари ҷаҳон пайравӣ мекунанд, ки қисме аз онҳо дар Бадахшони Тоҷикистон иқомат доранд.

http://tajik.irib.ir



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi