00:43:41 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Беҳрӯзи 8-сола аз хона баромада куҷо шуд?

Волидони Беҳрӯз мегӯянд, ҷустуҷӯи маъмурони пулис дар чор рӯзи гузашта натиҷа надодааст. Онҳо бо насби аксҳои фарзанди худ дар хиёбонҳо аз мардум кумак талаб доранд.

aksi-behruz-457878.jpgБеҳрӯзи ҳаштсола, хонандаи синфи дувуми мактаби рақами 18 дар Душанбе, чор рӯз пеш аз манзилашон берун рафта, бо ҳамин бедарак шудааст. Ҷӯрабек Акаҷонов, падари Беҳрӯз, мегӯяд, бори охир писарашро дар наздикии бинои “Шарқи озод”, маъруф ба ГЖК дидаанд.

“Чор рӯз қабл мо ният доштем, ба манзили дигар кӯч бандем. Ман ҷиҳози хонаро бурданӣ будам, ки писарам гуфт: “маро ҳам баред”. Гуфтам, ин дафъа меояму туро ҳам мебарам. Вақте бозгаштам, ӯ набуд”,-афзуд Акаҷонов. Падари Беҳрӯзи ҳаштсола мегӯяд, ҳоло аксҳои писарашро дар истгоҳҳову кӯчаҳо насб кардааст ва аз сокинон хост, барои дарёфти писараш ба ӯ кумак кунанд.

Касе Беҳрӯзро дидааст ва ё дар бораи ӯ маълумоте дорад, метавонад ба шумораи 93 569 00 05 занг занад.

Дар ҳамин ҳол, Идораи маорифи шаҳри Душанбе гуфтааст, дар мактабҳои миёнаи пойтахт телефонҳоеро фаъол хоҳанд кард, ки волидон ба он ҷо занг зада, метавонанд аз ҳоли фарзандонашон огоҳ шаванд. Бар асоси низомномаи мактабҳои миёна дар Тоҷикистон шаш сол боз гирифтани телефонҳои мобилӣ ё ҳамроҳ барои донишомӯзон мамнуъст.

Гум шудани Беҳрӯз дар ҳоле иттифоқ уфтодааст, ки хабари баъд аз як моҳ пайдо шудани ҷасади Осияи 5-сола, ки сиҳату саломат аз хонаашон баромада, бедарак шуда буд, аксариятро дар Тоҷикистон нигарон сохтааст. Осия, ки дар санадҳои расмиаш бо номи Сабоҳат Диловарова сабт шудааст, рӯзи 8 августи соли ҷорӣ аз назди хонаашон дар кӯчаи Айнӣ 32/1, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, гум шуд ва баъди бештар аз як моҳҷасади ӯро дар ноҳияи Ҳисор пайдо карданд.

Мақомот то ҳол далели марги Осияро нагуфтаанд, вале кормандони пулиси ноҳияи Ҳисор изҳор доштанд, ки дар бадани ӯ аломатҳои марги маҷбурӣ мушоҳида мешуд. Модари Осия ҳам дар сӯҳбат бо хабарнигори мо гуфт, "духтарамро куштаанд".

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi