14:27:05 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Эълони ҳукми се ҳамроҳи Давлат Чолов

Додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми се ҳамроҳи зиндонии Давлат Чоловро, ки барои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷанги Сурия айбдор мешаванд, эълон кардааст.

dodgohi-viloyati-khatlon-47Додгоҳи вилояти Хатлон се тан аз ҳамроҳони зиндонии Давлат Чоловро барои ҷалби маҳбусон аз дохили зиндон ба ҷанги Сурия айбдор карда, ба болои ҳукми пештараашон дусолии дигар изофа намудааст. Қаблан Абдураҳмон Қодиров, Савриддин Ҷӯраев ва Азаматҷон Хоҷамқулов, яке 17 ва дуи дигар аз 19 то 26 сол ҳукм гирифта, дар зиндон адои ҷазо менамуданд.

Намояндаи додситонии вилояти Хатлон дар мурофиаи охирини парвандаи Давлат Чолов ва ҳамроҳони ӯ аз додрас талаб карда буд, то ин се нафарро бо шумули ҳукми пештараашон аз 20 то 30 ва Давлат Чолову Абдураҳим Шукуровро чорсолӣ аз озодӣ маҳрум кунад. Агарчӣҳоло додгоҳҳукми се тан аз аъзои ин гуруҳи панҷнафариро эълон кардааст, аммо бино бар шарҳ хостани додрас аз Додгоҳи Қонуни асосӣ эълони ҳукми Давлат Чолов ва ҳамроҳаш Абдураҳим Шукуров ба таъхир афтодааст.

Додраси парванда аз Додгоҳи конститусионии Тоҷикистон хостааст, то банди яке аз моддаҳои Кодекси ҷиноиро шарҳ диҳад. Дар ин банди моддаи Кодекси ҷиноӣ гуфта шудааст, дар сурати сидқан пушаймон шудани нафаре, ки дар иттиҳодияи ғайриқонунии мазҳабӣ аъзо шуда, вале ҳеҷҷинояте содир накардааст, бахшида мешавад. Додрас аз Додгоҳи констутитусионӣ хостааст, то шарҳ диҳад, ки нафари дастгиршуда баъди боздошташ ибрози пушаймонӣ кунад, оё ин банди Кодекси ҷиноӣ нисбат ба ӯ татбиқ хоҳад шуд, ё на. Ҳоло то шарҳи Додгоҳи конститутсионӣҳукми Давлат Чолов эълон нахоҳад шуд.

Қаблан, ин панҷ нафар, се тан аз зиндон ва ду нафар дар озодӣ барои ҳамкорӣ барои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷанги Сурия гумонбар дониста шуда, бар асоси банди 187, қисми 3 (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан муҳим), банди 307 (ташкили созмони ифротгаро)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Давлат Чолов бо Абдураҳим Шукуров дар ҳоле боздошт шуданд, ки мехостанд, ба Туркия парвоз кунанд. Зимни мурофиаи додгоҳӣ Чолов гуфтааст, ҳадафи ӯ аз сафар ба Туркия Сурия рафтан набуд, балки мехост, барои тиҷораташ аз Туркия коло биёрад.

Ин парванда дар ҳоле пурсарусадо шуд, ки Давлат Чолов яке аз фармондеҳони собиқи Фронти Халқӣ ва бародари Қурбон Чолов мебошад.

“Озодӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi