20:15:17 22-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Алина Кабаева раиси “Гурӯҳи расонаҳои миллӣ” шуд

Алина Кабаева, варзишгари шинохтаи рус ба мақоми раҳбари “Гурӯҳи расонаҳои миллӣ” интихоб шудааст.

alina-kabaeva-4578452112Алина Кабаева, қаҳрамони олимпӣ оид ба варзиши сабук ва вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби “Русияи воҳид” раҳбари Шӯрои мудирони “Гурӯҳи расонаҳои миллӣ” интихоб шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти “Гурӯҳи расонаҳои миллӣ” хабар дода, афзудааст, дар рӯзҳои наздик ҷаласаи Шӯрои мудирони ин ширкат баргузор шуда, дар он қарорҳои зарурӣ қабул хоҳад гардид.

Кабаева давоми 6 соли охир раҳбарии Шӯрои ҷамъиятии ин ширкатро бар уҳда дошт. “Гурӯҳи расонаҳои миллӣ”-и Русия бузургтарин медиа-ҳолдинги хусусӣ дар ин кишвар аст, ки идораи шабакаи телевизионии “5-й канал” ва Рен-ТВ-ро дар ихтиёр дорад. Ин ширкат ҳамзамон соҳиби 25 дарсади саҳмияҳои Шабакаи аввали телевизиони Русия мебошад.

Инчунин, “Гурӯҳи расонаҳои миллӣ” баъзе аз саҳмияҳои “News Media”-ро дар ихтиёр дорад, ки "Известия", шабакаи  Life News, нашрияҳои "Жизнь" ва "Твой день", радиои "Русская служба новостей" ва дигарон ба он тааллуқ доранд. Мақоми нави Алина Кабаева дар ҳолест, ки ахиран ӯ аз Думаи давлатии Русия хоста буд, ваколаташро пеш аз муҳлат қатъ намояд.

Номи Алина Кабаева баъд аз ҷудо шудани Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аз ҳамсараш дар сархатти расонаҳо қарор гирифт. Дар атрофи номи ӯ овозаҳои зиёде ҳаст ва аз ҷумла дар бораи равобити романтикии ӯ бо Путин ҳадс мезананд. Худи Путин чанд бор дар мазҳари ом ин овозаҳоро рад кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi