21:48:59 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Сарбозони пойгоҳи 201-умро ба СИЗО бурдаанд

Ду сарбози пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар қатли як сокини Душанбе айбдор мешаванд, ба боздоштгоҳи муваққати воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд.

russian-army-8765544521Як манбаъ дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 11 сентябр ба мо гуфт, сарбозони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон Илдар Сахапов ва Федор Басимовро, ки дар куштори Раҳимҷон Тешабоев - сокини шаҳри Душанбе айбдор ва то анҷоми тафтишоти пешакӣ дар боздоштгоҳи пулиси ноҳияи Рӯдакӣ нигоҳ дошта мешуданд, ҳанӯз рӯзи  6 сентябр ба боздоштгоҳи муваққати воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе интиқол дода шудаанд.

Ба гуфтаи манобеи мо, Илдар Сахапов ва Федор Басимов ҳафтаи гузашта дар ҷараёни тафтишот ба гуноҳи худ иқрор кардаанд ва тибқи моддаи 105, қисми д, банди "ж"-и Кодекси ҷиноии Русия(«куштор дар ҳайати гурӯҳ бо маслиҳати пешакӣ ва ғаразнок») айбдор дониста шуданд. Додситонии ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, сарбозони пойгоҳи Русия Илдар Сахапов ва Федор Басимов дар баёноти худ иқрор карданд, ки Раҳимҷон Тешабоевро бо зарби корд ба қатл расонидаанд.

Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки ин корро бо як маслиҳати пешакӣ замоне анҷом додаанд, ки шаҳрванди Русия Федор Басимов барои овардани ҳамсараш аз Русия ба Душанбе аз Раҳимҷон Тешабоев 50 ҳазор рубл қарз гирифта, аммо пулро баргардонида натавонистааст. Додситонии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳафтаи гузашта қарори боздошти ин ду сарбози пойгоҳи Русияро барои ду моҳ содир кард ва Илдар Сахапов ва Федор Басимов дар боздоштгоҳи муваққатии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рудакӣ нигоҳдорӣ мешуданд. Тафтишот бо такя ба забти гуфтугӯҳои телефонии Сахапов Илдар Масхутович ва Федор Басимов бо Раҳимҷон Тешабоев ва нишондодҳои онҳо дар ҷои ҳодиса ва нақли ин ки чӣ гуна ва бо чӣ роҳӯро ба қатл расониданд, алайҳи онҳо бо моддаи105, қисми д, банди "ж"-и Кодекси ҷиноии Русия эълони иттиҳом кардааст.

Ҷасади Тешабоевро, ки дар назди мақари пойгоҳи 201-уми Русия, дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе таксӣ мезад, шаби 19 август аз назди кӯле дар назди деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гардани бурида пайдо карданд. Ба дунбол пулиси ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод, ки рӯзи 26 август ду сарбози пойгоҳи Русияро бо гумони даст доштан дар ин куштор дастгир кардааст.

Як манбаи наздик ба ҷараёни тафтишот ба мо гуфт, яке аз сарбозони гумонбар, ки Фёдор ном дорад, аз Раҳимҷон Тешабоев тақрибан 1500 доллар қарздор будааст. Ӯ аз ҳамхидматаш Элдар машварат мепурсад, ки бо ин қарз чӣ кунад? Мусоҳиби Озодӣ гуфт,  онҳо тибқи маслиҳати пешакӣ ибтидо рӯзи 16 август талош кардаанд, то "масъаларо ҳал кунанд." Вале бори якум муваффақ нашуда, рӯзи 18 август Раҳимҷон Тешабоевро "моҳигирӣ меравем" гуфта, фиреб медиҳанд ва дар лаби кӯл Фёдор ронандаро медораду Элдар гарданашро мебурад.

Рустамҷон, бародари Раҳимҷон Тешабоев қаблан ба мо гуфт, ки  бародараш такси меронд ва асосан ба сарбозону афсарони як воҳиди пойгоҳи 201-уми Русия дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе хидмат мерасонд. Манобеи мо ба дунболи кашфи ҷасади ин ронанда хабар доданд, ки  аз дохили сабукрави тамғаи “Опел-Астра”-и Раҳимҷон Тешабоев чанд шиносномаи шаҳрвандони Русия ёфт шуда буд. Раҳимҷон Тешабоев 36 сол дошт ва аз ӯ 3 фарзанд  боқӣ мондааст.

Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон бо тақрибан 7000 афсару аскараш бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар буда, соли 2012, бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон дастикам то соли 2042 тамдид шуд.

Феълан тафтиши парванда аз ҷониби гурӯҳи муфаттишони пойгоҳи 201-и Русия идома дорад,чунки мувофиқи созишномаи ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон, сарбозони Русия дар Тоҷикистон аз масуният дар баробари ҷавобгарии ҷиноӣ бархӯрдоранд ва агар ҷинояте дар қаламрави Тоҷикистон содир кунанд, бар асоси қонунгузории Русия ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi