01:08:09 02-уми Июли 2025 сол

Мулоқот бо Мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Сартоҷ Азиз

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Сартоҷ Азизро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.

moloqot-pokiston-459865.jpgРоҳҳои таҳкими ҳамгироии иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, мусоидат ба татбитқи амалии лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. Таъкид гардид, ки ба ҳам пайвастани шабакаҳои нақлиётию барқии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла тавассути хатти барқии CASA-1000 ба манфиати ҳарду кишвар ва ҳам Афғонистон аст.

Ҳардуҷониб ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар Тоҷикистон ва мусоидат ба густариши робитаҳои миёни сохторҳои хусусии ду кишвар ҳавасмандии худро таъкид доштанд. Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои ҳамоиши навбатии Созмони ҳамкории Шанхай дар сатҳи олӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.

http://president.tj/

Назари Шумо

Security code
навсозӣ