Вохӯрию мулоқоти шӯъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят бо занони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд
Санаҳои 2-юм, 3-юм, ва 4-уми сентябр аз ҷониби гурӯҳҳои доимоамалкунандаи назди шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Кумитаи маҳаллаҳои Бофанда, Сари баландӣ, Раззоқ, Навбаҳор, Суғдиён ва Мевағули шаҳри Хуҷанд байни занони хонашин корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Вохӯрию мулоқоти мазкур бо мақсади татбиқи амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», «Дар бораи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» пешгирии падидаҳои номатлуб, аз ҷумла, зудбоварии занону духтарон, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, масъалаҳои ҳунаромӯзии занону духтарон, бахусус ҳунарҳои қолинбофии дастӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ, фарогирии духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, пешгирии бемориҳои нашъамандӣ, ВМНО, худкушӣ ва сӯиқасд ба он, ба ҷиноят даст задани занону духтарон, никоҳи хешу таборӣ, пешгирӣ намудани пӯшидани сарулибоси ба миллат ва мардуми мо бегона дар байни ҷавонзанону духтарон, захира намудани маводи хӯрока барои ду сол гузаронида шуда, дар ин вохӯриҳо занони фаъол, соҳибтаҷрибаву рӯзгордида, аъзоёни гурӯҳҳои мушоҳидони маҳаллаҳои номбурда ҷалб карда шудаанд.
Аъзоёни ин гурӯҳҳо ҳавлӣ ба ҳавлӣ гашта, аз ҳолу аҳволи мардум дидан карда, муаммо ва мушкилоти онҳоро якҷоя бо мақомотҳои дахлдор ҳал намуда, ҳамчунин шумораи занони имконияташон маҳдудро, ки қобилияти ҳунаромӯзӣ доранд, дар сатҳи маҳаллаҳо муайян намуда, онҳоро ба курсҳои махсуси ҳунаромӯзӣ даъват карданд.
Бояд тазаккур дод, ки иштирокчиён бо суолу дархостҳои хеш оид ба масъалаҳои умдаи ҷомеа ба намояндагон муроҷиат намуда, аз ҷониби онҳо посух ва маслиҳатҳои муфид гирифтанд. Баргузории чунин вохӯрию мулоқотҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ тибқи нақша дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монда мешавад.