02:27:34 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Раҳоии додраси гумонбар ба 4000$ ришва

Додгоҳи олии Тоҷикистон Мирмаҳмад Одинаев, собиқ додраси додгоҳи ноҳияи Ваҳдат, 20-километрии шарқи Душанберо, ки ба гирифтани 4 ҳазор доллар ришва айбдор мешуд, аз толори додгоҳ раҳо кардааст.

mirmahmad-odinaev-5478896Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр ба мо гуфт, Додгоҳи олӣ дар авохири ҳафтаи гузашта додраси додгоҳи ноҳияи Ваҳдат Мирмаҳмад Одинаевро, и ба гирифтани 4 ҳазор доллар ришва айбдор мешуд, 30 ҳазор сомонӣҷарима баста, аз толор озод кард.

Додгоҳи олӣ мегуяд, Мирмаҳмад Одинаев бар асоси моддаи 319, қисми 1 (ришваситонии шахси мансабдор барои манфиати шахси гунаҳкор) айбдор дониста мешуд. Додгоҳӯро дар маҷмӯъ 40 000 сомонӣҷарима бастааст, вале бо назардошти 111 рӯзе ки дар боздошт қарор дошт, 10 000 сомониро аз ҳаҷми ҷаримаи вай кам кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон, Мираҳмад Одинаев рӯзи 8 майи соли 2014 дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат, наздикии дарвозаи баромади шаҳри Душанбе, дар дохили автомашинаи шахсияш тамғаи “Мерседес-Бенс” аз Саидов Умар ном корафтода  500 доллар  гирифтааст, вале ҳамон рӯз дар назди бинои додгоҳи Ваҳдат аз тарафи  кормандони зудамали Оҷонсӣ дастгир шуд.

Оҷонсии зидди корупсия мегӯяд, Мираҳмад Одинаев бо истифода аз вазифаи додрасии худ  дар моҳи ноябри соли 2013 ҳангоми баррасии парвандаи гражданӣ аз рӯи даъвои Сатторов С. оид ба хоҷагии деҳқонии «Заргар»-и ноҳияи Ваҳдат ба хотири ҳалли масъала ба сӯди ин хоҷагии деҳқонӣ  4000 доллар талаб кардааст.

Ба гуфтаи мақомот, Одинаев то рӯзи боздошташ аз намояндаи хоҷагии деҳқонӣ Умар Саидов як дафъа 3000 доллар ва бори дуюм 500 доллар мегирад ва 500 долларе, ки рӯзи 8 май ба ӯ доданд, қисмати ниҳоии пора будааст. Гуфта мешавад, намояндагони хоҷагии деҳқонӣ аз ришвахоҳии додрас ба дод омада, қабл аз додани бахши сеюм ва ниҳоии маблағ ба  Оҷонсии мубориза бо фасод муроҷиат кардаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi