15:31:34 18-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Муовини раиси ҷумҳури пешини Эрон ба ҳабс маҳкум шудааст

Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжеӣ, сухангӯи қувваи қазоияи Эрон имрӯз, душанбеи 10 шаҳривар (аввали сентябр) дар як конфаронси матбуотӣ дар посух ба саволе дар мавриди парвандаи Муҳаммадризо Раҳимӣ, муовини пешини Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст, ки ӯ ба ҳабс ва пардохти ҷазои нақдӣ маҳкум шуда, аммо таъкид кард, ки наметавонад ҷузъиёти бештаре аз маҳкумияти ӯ баён кунад.

rahimi mohamadreza 454545Рӯзи ҷумъа ҳам Ғуломҳусайни Исмоъилӣ, раиси додгустарии устони Теҳрон гуфта буд, ки парвандаи оқои Раҳимӣ "қутур ва сангин" аст. Парвандаи Муҳаммадризо Раҳимӣ авохири соли гузашта бо судури кайфархосте аз суи додситонии Теҳрон ба додгоҳи кайфарии устони Теҳрон ирсол шуд.

Бар асоси гузориши расонаҳои Эрон додгоҳи расидагикунанда ба парвандаи ихтилос аз ширкати бимаи Эрон, шуъбаи 76 додгоҳи кайфарӣ ба раёсати қозӣ Сиёмаки Мудирхуросонӣ аст. Пеш аз ин ва дар даймоҳи 1392 Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ, додситони вақти Теҳрон бо интишори иттилоъияе эълом кард, ки Муҳаммадризо Раҳимӣ, муъовини аввали Маҳмуди Аҳмадинажод бо қарори васиқа озод аст.

Бар асоси қавонини Эрон ҷузъиёти ҳукми муттаҳамон набояд то замони қатъӣ шудан дар додгоҳи таҷдиди назар аланӣ шавад, ҳарчанд дар ҳамаи мавориди қазоӣ ин равия риоят намешавад.

Бо расидагӣ ба парвандаи фасоди молӣ дар бимаи Эрон дар соли 89, аввалини бор иттиҳомоте алайҳи Муҳаммадризо Раҳимӣ матраҳ шуд. Аз ҷумла бархе намояндагони шинохташудаи муҳофизакор дар маҷлиси Эрон гуфтанд, ки оқои Раҳимӣ дар мавориде аз суиистифодаи молӣ, бимаӣ ва арзӣ даст доштааст.

Маҳмуди Аҳмадинажод ва мақомҳои давлаташ башиддат иттиҳоми даст доштани Муҳаммадризо Раҳимӣ дар ихтилосро рад ва аз ӯ дифоъ мекарданд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi