14:07:13 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қирғистон бунёди роҳи Оқсай-Тамдиқро қатъ кард

Душанбе ва Бишкек мувофиқат карданд, ки сохтмони роҳи мошингарди Оқсай-Тамдиқ-Кишмиши ҳаммарз бо деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара то замони омода шудани санадҳо, мутаваққиф карда шавад.

rohi-oqsay-545656Ҳайатҳои Комиссия байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки ҷараёни сохтмони роҳи мошингарди Оқсай-Тамдиқ-Кишмиш мутаваққиф шуда, то замони омода шудани санадҳои тарҳҳои сохтмони роҳҳои мошингард аз ду ҷониб, ҳеҷ гуна корҳои сохтмонӣ анҷом дода нашавад.

Як манбаи наздик ба ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон имрӯз ба мо гуфт, ки дар музокираи дирӯз дар Бишкек, ҳайатҳои Кумисияи байниҳукуматӣ дар мавриди то замони омода шудани санадаҳои зарурӣ ва аломатгузориву нишонагузории хутути мавзеъҳои мавриди баҳсӣ бунёд накардани ҳеҷ гуна роҳу пулҳо, протокол имзо карданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳамин тавр бо пешниҳоди ҳайати Тоҷикистон мувофиқа шуд, ки сохтмони якҷонибаи «Оқсай Тамдиқ Кишмиш», ки аз тарафи роҳсозони Қирзистон идома дошт, мутаваққиф шавад.

Зимнан раиси ҷамоати деҳаи Хоҷааъло Собир Сафаров имрӯз ба мо гуфт, ки бо шурӯи музокираи Комиссияи муштараки масоили марзӣ дар Бишкек, сохтмони роҳ дар Оқсай-Тамидиқ низ идома надорад ва ду рӯз аст, ки на техника ва на роҳсозон дида намешаванд.

Ҳайатҳоиҳардуҷониб ба масъалаи ҳарчӣ зудтар анҷом додани аломатгузорӣ ва нишонагузории мавзеъҳои мавриди баҳс таъкид кардаанд, ки танҳо бо ба даст омадани натиҷаи дилхоҳ, тарҳҳои роҳҳои мошингард амалан татбиқ карда хоҳанд шуд. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, дар музокираи ҳайатҳои ду ҷониб ёвари  президенти Тоҷикистон оид ба масоили амният ва дифоъ Шералӣ Хайрллоев низ ҳузур дорад.

Дар робита ба ҳодисаи тирпаронии шоми рӯзи душанбе дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳайатҳои ба мувофиқа расидаанд, ки як комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомоти интизомӣ таъсис дода ва сабаби рух додани ин ҳодиса, ки ба марги як сокинони мулкӣ ва як афсари тоҷик анҷомид, таҳқиқ карда шавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi