Боздошти як сокини вилояти Хатлон ба занни қочоқи маводди мухаддир
Пулис аз боздошти як сокини 56-солаи вилояти Хатлони Тоҷикистон ба занни қочоқи маводди мухаддир хабар додааст.
Торнамои ин ниҳод, рӯзи душанбеи 25 август зимни пахши иттилоъ дар ин маврид менависад, ки кормандони пулис ба ҳангоми боздошт аз ин сокин беш аз 25 килуграм маводди мухаддирро кашф ва мусодира кардаанд.
Кормандони интизомӣ аз борхалати Назар Дӯстмуродов, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон беш аз 8 килуграм ҳашиш ва беш аз 17 килуграм афюн дарёфт кардаанд.
Пулис мегӯяд, ки парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин ҷурмро тибқи моддаи 200 қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне қочоқи маводди мухаддир боз ва таҳқиқоти онро барои пайдо кардани ҳамдастони дигари оқои Дӯстмуродов идома медиҳад.
Ин қонун барои содир кардани ҷурми қочоқи маводди мухаддир аз 15 то 20 сол зиндон бо мусодираи амволро пешбинӣ мекунад.
Би-Би-Си