05:02:13 01-уми Июни 2025 сол

Кашфи се ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия

Масъулони Додситонии кулли Русия аз кашфи се ҷасад дар вилояти Ленингради он кишвар хабар дода ва мегӯянд, ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Торнамои ин ниҳод рӯзи панҷшанбеи 21 август хабар дод, ки дар робита бо ин воқеъа парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқи он идома дорад. Ин аҷсодро, ки яке марду ду тани дигар зан будаанд, соҳиби манзиле, ки онҳо дар он ҷо ба сар мебурданд, рӯзи 20 август дар ноҳияи Кирови ин вилоят пайдо кардааст.

Ин се табаъаи Тоҷикистон дар манзиле дар деҳаи мавсум ба Павлово, воқеъ дар наздикии як роҳи утумубилрав дар ин ноҳия ба сар мебурдаанд. Мақомҳои додситонии Русия мегӯянд, ки кормандони пулис ва додситонӣ ба таҳқиқи ин ҷурм машғуланд.

Ҳамчунин кормандони интизомии Русия машғули шиносоии ҳувияти ин се нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Гумон меравад онҳо муҳоҷирони корие бошанд, ки барои дарёфти кор ба Русия рафтаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854