04:59:40 01-уми Июни 2025 сол

Мулоқот бо фаъолзанони минтақаи Рашт

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар тибқи нақша-чорабиниҳои Кумита бо фаъолзанони ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тавилдара, Тоҷикобод ва Ҷиргатоли минтақаи Рашт аз санаи 18.08 то 20.08.2014 соли ҷорӣ мулоқоту вохӯриҳо доир намуд.

Мақсад аз ин вохӯрҳо, пеш аз ҳама наздик шудан бо шароити зисту зиндагонии занон дар маҳаллҳо, доир гардонидани суҳбатҳои озод дар байни онҳо, гӯш додан ба таклифу пешниҳоди онҳо мебошад. Маълум аст, ки нақши занон дар пешрафти ҷомеа, тарбияи насли наврас, пойдории оилаҳо ва ҳалли бисёр мушкилоти дигар муассир буда, метавонанд дар бартараф намудани онҳо таъсири мусбӣ дошта бошанд.

Дар ҷараёни сӯҳбату мулоқотҳо аз ҷониби фаъолзанону ҷавондухтарон таклифу пешниҳодҳо ва дархостҳо иброз гардиданд, ки масъалаҳои мазкур дар ҷояш баррасӣ гардонида шуданд. Қобили қайд аст, ки дар рафти вохӯриҳо масъулини Кумитаро Раисони мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои мазкур ҳамроҳӣ намуданд.

Хамчунин дар рафти сафари худ Раиси Кумита санаи 18 августи соли ҷорӣ аз хонадони ду нафар фавтидагоне, ки аз офати табиӣ дар деҳаи Сорбоғи Ҷамоати деҳоти Камароби ноҳияи Рашт бо лағжиши кӯҳпора омада буду боиси ҳалокати ду нафар шаҳрвандон гардида буд айёдат карда, ба аҳли хонаводаи онҳо таъзия баён намуд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854