04:21:41 24-уми Январи 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Март 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Наворбардории "Муаллим" ба анҷом расид

Наворбардории филми "Тоҷикфилм" бо номи "Муаллим" бо ширкати яке аз машҳуртарин ҳунармандони эронӣ Маҳнози Афшор ба анҷом расид. Дар ин бора ба "Рӯзгор" муаллифи сенария Сафар Ҳақдодов иттилоъ дод. Ин филм бори дигар ҳунарманди маъруфи кишвар Марат Орифовро ба саҳнаи кино кашид. Баъди бист соли бознишастагӣ Марат Орифов бо даъвати коргардони шинохта Носир Саидов ба Душанбе омад ва нақши калидиро дар ин филм бозӣ кард.

manoz-afshor-455544545Маҳнози Афшор дар суҳбате дар бораи Марат Орифов гуфтааст: "Ман ба оқои Носир ҳам гуфтам, ки ин мард як энержии мутлақ доранд, ба ин дараҷа, ки дурбин маҷбур аст барояшон эҳтиром гузорад. Мо намунаҳоеро мисли эшон дар Эрон дорем, ки оқоён Интизомӣ, Машоихӣ ва дигаронанд. Оқои Орипов ҳатман ҳақе ба гардани синамои тоҷик доранд ва ман хушбахтам, ки пас аз бист сол бо он кас дар як филм нақш меофарам". 

Марат Орифов, ки ҳамакнун 79 сол дорад,  дар зиёда аз 25 филм аз ҷумла дар филми "Қисмати шоир", нақши Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва дар филми "Ибни Сино", нақши Абуалӣ ибни Сино-ро офаридааст.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 09 илни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1