02:53:51 29-уми Марти 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Март 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Муаррифии китоби олими тоҷик дар Томск

Рӯнамои нашри русии китоби ҳамватани мо Алишер Хушвақтов "Моро пешвоз намегирифтанд, вале гусел мекарданд", ки аз ҷониби Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ва шахсан сафири пешини он Алӣ Асғари Шеърдӯст сармоягузорӣ шуда буд, дар шаҳри Томски Русия бо ширкати профессорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Томск, Донишгоҳи радиоэлектронӣ, Донишгоҳи политехникии Томск, Донишгохи давлатии архитектура ва сохтмон, вакилони парламони вилоятӣ, намояндагони Ассамблеяи халқҳои вилояти Томск, намояндагони диаспораҳои милии муқими ин вилоят баргузор гардид. 

alisher-khushvaqtov 124578Китоб аслан як сафарномаест. Алишер Хушвақтов ва Сайидалӣ Азизов моҳи апрели соли 2010 савори дучарха аз Душанбе хориҷ шуданд ва ба сӯи Русия равона гаштанд. Наворҳои видеоӣ ва аксу суратҳои онҳоро аз ҷараёни сафарашон пайваста аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернет  даҳҳо ҳазор нафар тамошо мекарданд ва аз иқдомашон пуштибонӣ менамуданд.

Дар ин сафар дучархасаворон диду боздиди худро аз ин сафари муҳим гоҳ рӯи сафҳаи интернет мерехтанд ва гоҳи дигар дар саҳифаи рӯзномаҳо дарҷ мекарданд. Алҳол Алишер дар шаҳри Томск саргарми навиштани рисолаи илмист ва Сайидалӣ дар бисткилометраи Брюссел зиндагонӣ мекунад.  

Бино ба навиштаи ВАО-и Русия ҳамаи касоне, ки дар рӯнамои китоб ширкат ва суханронӣ намуданд, онро як рӯйдоди басо муҳим ва арзишманд дар ҳаёти фарҳангӣ, варзишӣ ва ҷамъиятии минтақа, кишвар ва Русия ва Тоҷикистон номиданд ва баъди анҷоми маросим бо соядасти муаллиф ҳар иштирокчӣ китоберо бо худ бурд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 25 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi