04:24:44 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

24 январи соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шуваловро ба ҳузур пазируфт. Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сардори давлат дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, бахши муҳоҷирати корӣ ва робитаҳои гуманитарӣ баррасӣ шуд.

khabarho-1245452014-2015Игор Шувалов ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии ду кишвар гузориш дода, аз натиҷаҳои он изҳори қаноатмандӣ кард. Хотиррасон бояд намуд, ки қисме аз созишномаҳо дар бораи дароз намудани муҳлати будубоши Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042, содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситондани боҷи гумрукӣ ва содда намудани шароити кору зиндагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ба тасвиб расида, қисмати дигар дар арафаи тасвиб қарор доранд. Зимни мулоқот бо ишора ба муносиботи стратегӣ ва иттифоқчигии Тоҷикистону Русия ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши бештари ҳамкорӣ таъкид доштанд.

ххх

Ҷонишини аввали сарвазири Русия Игор Шувалов изҳор дошт, ки кишвараш қасд дорад бо Қазоқистон ва Қирғизистон дар мавриди интиқоли бидуни мамониати молҳои тавлиди Тоҷикистон ба қаламрави ин кишвар гуфтушунид кунад. "Мо бо шарикони худ Қазоқистон ва Қирғизистон машварат мекунем, то ин масъалаи муҳимро ҳал намоем,-гуфт ӯ дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе баъди анҷоми ҷаласаи байниҳукуматии Русия ва Тоҷикистон. Вай гуфт, ки бахши азими муоҳадаҳои моҳи октябри соли 2012 имзошуда аз ҷониби ниҳодҳои зидахли ду кишвар тасвиб шудаанд. Соҳибмақоми давлати Русия иброз дошт, ки кишвараш манфиатдори иртиботҳои шаффоф ва созанда бо Тоҷикистон дар масъалаи муҳоҷират аст.

ххх

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоевро ёвари худ оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ таъин кард. Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад,  Шералӣ Хайруллоев, ки муддати 18 сол ба ҳайси вазири мудофиаи Тоҷикистон ифои вазифа кард, моҳи ноябри соли гузашта аз мансаб сабукдӯш гардид. Ба ҷойи ӯ Шералӣ Мирзо, ки ахиран роҳбарии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ-ро ба уҳда дошт, вазири нави мудофиаи ҷумҳурӣ таъин карда шуд.

ххх

Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистонро 10,8 фоиз эълон кард. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта  ин нишондиҳанда ба 11 дар сад баробар буд. Дар гузориши созмон гуфта мешавад,  ки  миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ соли 2013 сатҳи бекорӣ Арманистон - 18,64; Гурҷистон - 14,3; Ӯзбекистон - 10,8; Туркманистон - 10,7; Украина - 7,9; Қирғизистон - 7,9; Белорус - 5,9; Русия - 5,8 ва Озарбойҷон - 5,5%-ро ташкил додааст. Соли 2013 ба мақомоти шуғли аҳолии ҷумҳурӣ 119 ҳазору 189 нафар шаҳрвандони кишвар муроҷиат кардаанд, ки 51 ҳазору 403 нафарашон расман бекор эътироф шудаанд.

ххх

Соли гузашта дар натиҷаи рух додани 83 ҳодисаи табиӣ  Дар Тоҷикистон 11 нафар қурбон шуданд. Дар ин бора Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод. Ба иттилои Абдураҳимов, соли гузашта дар натиҷаи ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳо 124 нафар ҳалок шудаанд, ки аз ин теъдод 10 нафар мардон ва 21 нафар занон мебошанд.

ххх

Фармондеҳи Қӯшунҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майори Артиши ИМА Микаел К.Нагата бо мақсади баррасии ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои амният дар минтиқа, ба хусус Афғонистон, ба Душанбе ташриф овард. Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар дод. Манбаъ афзуд, ки  ҳангоми сафари хеш генерал Нагата бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ва бо намояндагони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот онҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории бефосилаи низомӣ миёни ИМА ва Тоҷикистон баррасӣ карданд.

ххх

Тазоҳуркунандагон дар пойтахти Украина шаҳри Киев шоми якшанбе бинои вазорати адлияи ин кишварро ишғол карданд. Дар ин бора Александр Данилюк, сарвари созмони украинии "Спильной справы" иттилоъ дод. Ин дар ҳолест, ки рӯзи шанбе аз ишғол шудани бинои вазорати сиёсати аграрӣ хабар дода мешуд. Субҳи рӯзи душанбе хабаргузориҳои ин кишвар аз бархӯрди издиҳоми хашин бо мақомоти қудратии ин кишвар дар Днепропетровск ва дар чанд шаҳри дигари шимоли ин кишвар хабар доданд.

Ҷонибдорони ҳукумати Янукович якҷо бо кормандони милитсияи маҳаллӣ тазоҳуркунандагони "Евромайдон"-ро дар остонаи маъмурияти вилоятии Одесса нигоҳ доштанд. Дар Днепропетровск низ милиса аз қасди ишғоли бинои маъмурии ҳокимияти ин вилоят ҷилавгирӣ кард. Дар ҳамин ҳол президенти Украина Виктор Янукович ваъда дод, ки ба ҳукумати Николай Азаров дар иҷлоссияи ғайринавбатии парламон, ки қарор аст рӯзи 28-ум баргузор шавад, дидгаргуниҳо ворид хоҳад кард. Ҳизби ҳоким эълон кард, ки омода аст рӯзи 28-ум ба ҷонибдории истеъфои ҳукумат овоз диҳад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi