00:31:43 28-уми Апрели 2025 сол

Соле, ки аз Шаҳидӣ ёд мешавад

Қарор аст имсол дар Тоҷикистон 100-солагии оҳангсози барҷаста, ҳунарпешаи мардумӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Зиёдуллоҳи Шаҳидӣҷашн гирифта шавад. Дар ин бора ба "Рӯзгор" аз дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.

shahidy 455698665Манбаъ афзуд, ки ин тасмим ахиран дар як машварати корӣ бо ширкати муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборова гирифта шудааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки хонум Ҷабборова ҳамаи ниҳодҳои фарҳангиву таблиғотии кишварро вазифадор кардааст, ки бо роҳандозии силсилачорабиниҳо аз садумин солгарди абармарди мусиқии тоҷик таҷлил ба амал оранд. Гуфта мешавад, ки бахшида ба ин ҷашн на танҳо дар пойтахт, балки дар маркази вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар низ чорабиниҳои ҷашнӣҷиҳати ошноии бештари мардум бо осор ва шахсияти Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ чорабиниҳо баргузор мешаванд. 

Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ, оҳангсози маъруфи тоҷик 14 майи соли 1914 ба дунё омадааст ва дар рушду нумуъи мусиқи суннатии тоҷик саҳми арзанда гирифтааст. Вай дар офариниши операи тоҷик ва такмилу рушди он хеле заҳматҳо кашидаву аз худ асарҳои шоистае чун "Комде ва Маъдан" ва "Ғуломон" боқӣ гузаштааст, ки то ин замон дар саҳани театри опера ва балетаи ба номи устод Айнӣ намоиш дода мешаванд.   

Фарзандони Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ бо пайроҳаи падар рафтаанд, Мунира Шаҳидӣ санъатшиноси маъруф аст ва Толиб Шаҳидӣ бастакорӣ шинохта мебошад. Писари дигар ӯ Фарид Шаҳидӣ, ки бунёдгузори  Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ буд, ки соле қабл аз олам даргузашт. 

«Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014

Назари Шумо

Security code
навсозӣ