Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт
"Спитамен Капитал", ки пештар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурд буд, ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Спитамен Бонк" табдил дода шуд. Акнун дар Тоҷикистон шумораи бонкҳои низоми бонкӣ ба 17 адад расид. Ҳамзамон бо ин "Спитамен Бонк" соҳиби иҷозатномаи анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ шуд. Гуфтанист, ки ҶСК Ташкилоти амонатии қарзии хурди "Спитамен Капитал" соли 2008 бо сармояи 686 ҳазор сомонӣ ташкил шуд ва аввали соли 2013 ҳаҷми сармояи он 51,4 млн. сомониро ташкил дод. Сандуқи қарзии ташкилот аввали соли 2013 18,5 млн. сомонӣ буд.
ххх
Ҳафтаи гузашта Бонки марказии Русия эълон кард, ки зарфи нуҳ моҳи соли гузашта аз ин кишвар ба мамолики ИДМ бештар аз 15 миллиард доллари ИМА интиқол ёфтааст. Тибқи ҳамин омор ба шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия 3 млрд ва муҳоҷирони кории Узбакистон 4,9 млрд. доллари ИМА фиристодаанд. Дар иттилоияи пахшшуда Украина ва Қирғизистон дар ҷойҳои сеюм ва чорум ҷойгир шудаанд. Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия мегӯяд аввали моҳи декабри соли 2013 теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар ҳудудан 1,112 млн. нафар буданд.
ххх
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ҷаласаи охирини худ оид ба эълони озмун барои рӯзноманигорон ҷиҳати инъикоси мушкилоти ҳифзи муҳити зист қарор қабул кард. Бино ба гуфтаи котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов озмун охири соли 2014 ҷамъбаст гардида, ғолиби он соҳиби 4 ҳазор сомонӣ хоҳад шуд. Барои ҷойи дуюм 3 ҳазор сомонӣ ва ҷойи дуюм 2 ҳазор сомонӣҷудо карда шудааст.
ххх
Миллиардери маъруфи эронӣ Бобак Занҷонӣ дар охирин рӯзи соли 2013 дар Теҳрон боздошт ва ба зиндони Эвин интиқол дода шуд. То лаҳазоте, ки ин хабар таҳия мешуд, мақомоти интизомии Ҷумҳурии Исломӣҷузъиёти бештареро аз ин боздошт ироа накардаанд. Вале пештар сару садоҳое дар мавриди азхудкунии ғайриқонунии ҳудудан 2 млрд. доллар аз фурӯши нафти хом баланд шуда буд. Ҳарчанд худи ӯ ин иттиҳомро рад мекунад, аммо ВАО ахиран навиштанд, ки Занҷонӣ дороии худро аз фурӯши нафти хом тариқи ширкатҳои пинҳонӣ ба даст овардааст. Сармояи Бобак Занҷонӣ бештар аз 13,8 миллиард доллар ҳадс зада мешавад ва мегӯянд вай соҳиби 64 корхонаи бузурги тавлидӣ дар Малайзия, АМА, Туркия, Ирон ва Тоҷикистон аст. Аз ҷумла дар Тоҷикистон Занҷонӣ ба ғайр аз "Kont Investment Bank" ҳамчунин соҳибимтиёзи ширкатҳое чун "Asian Express Airline", Kont Buil-ding, "Asian Express" мебошад ва Терминали автобусҳои Душанбе ва Маркази тиҷоратии Душанбе аз тарҳҳои пешниҳодӣ ва амалисохтаи ӯ ба шумор мераванд.
ххх
Кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд аз боздошти шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷонг Бун, пастори генералии Маркази миссионерии "Сонмин Сонбогим" хабар доданд. Маркази мазкур ба як силсила қонуншиканиҳо, аз ҷумла нигаҳдории маводи доруворуи муҳлаташ гузашта, риоя нашудани талаботи ҳифозати доруҳо, бе иҷозатномаи махсус истифода бурдани таҷҳизоти тиббӣ, аз тариқи қочоқ ворид сохтани воситаҳои техникӣ гумонбар мешавад. Дар хабаре, ки хадамоти матбуотии КДАМ мунташир намуд, гуфта мешавад, ки зиёда аз 500 номгӯй маводи дорувории муҳлаташон гузашта ва аз тариқи қочоқ ба ҳудуди Тоҷикистон воридшуда кашф ва мусодира гардидааст. Вале мақомот Ли Ҷонг Бунро барои ришва ба маблағи 20 ҳазор доллар боздошт намудаанд.
ххх
Ҷонишини директори театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Муртазо Нуруллоев аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба гумони ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бо наздик 7 кило афюн боздошт шудааст. Дар амалиёти вижаи боздошти нашъаҷаллобон се нафар дастгир шуданд, ки яке аз онҳо Нуруллоев будааст. Дар иттилоияи дафтари матбуотии ниҳод омадааст, ки ин се тани боздоштшуда барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ қаблан суд шудаанд.
ххх
Тӯли солҳои ҳузури низомиаш дар Афғонистон Олмон 11 миллиард евро масраф кардааст. Аз ҷумла, 8,15 млрд. евро барои ширкат дар миссияи низомӣ, 1 млрд. доллар барои фаъолияти ВКХ Олмон дар Афғонистон ва 2 млрд. доллари дигар барои ҳамкориҳои иқтисодӣ сарф шудааст. Сарвари Иттиҳоди хизматчиёни ҳарбии бундесвер Андре Вюстнер аз вазорати корҳои хориҷии Олмон даъват кардааст, ки барои имзои саривақтии созишномаи амниятӣ миёни Афғонистон ва ИМА мусоидат намояд.
ххх
Бино ба иттилои сомонаи интернетии шабакаи телевизиони "Мир" Тоҷикистон аз фош гардидани 127 мошини дуздии тамғаи хориҷӣ хабар додааст. Ин пойгоҳи интернетӣ истинодан ба Ҷамшед Машрабов, роҳбари дафтари намояндагии "Интерпол" дар Тоҷикистон гуфтааст, ки аз 127 мошини ошкоршуда 57 мошин аз Олмон оварда шудааст. Ду ҳафта пештар баъди интишори мақолае дар нашрияи Олмонии "Bildt" мақомоти расмии Тоҷикистон иддиои тарафи Олмонро такзиб ва бепоя хонда буданд. Ҷамшед Машрабов дар суҳбат бо "Мир" гуфтааст, ки ҳоло барои таҳқиқи ҷиддитари ин масъала дар назди вазорати умури дохила гурӯҳи корие таъсис додаанд, ки намояндагони вахоратҳои дохиливу хориҷӣ ва иқтисоду молия, Шӯрои амният, хадамоти гумрук ва Додгоҳи олиро фаро мегирад.