20:02:31 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЮНЕСКО пешниҳоди Тоҷикистонро баррасӣ мекунад

Қарор аст ЮНЕСКО дар 37-умин иҷлосияи худ, ки аввали ҳафтаи гузашта дар шаҳри Порис оғоз ба кор кард, пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди воридсозии ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳо бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015, ки Тоҷикистон пешниҳод кардааст, мавриди баҳсу баррасӣ қарор диҳад. Дар ин бора ба "Рӯзгор" котиби масъули Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО Шаҳло Абдураҳимова хабар дод.

unesco-544545Бино ба иттилои манбаъ ҷаласаи ёдшуда то 20 ноябр идома мекунад ва як ҳайати бонуфуз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Ҷонишини сарвазири кишвар Руқия Қурбонова барои ширкат дар он даъват шудаанд. Шаҳло Абдураҳимова ҳамчунин гуфт, ки дар ин ҳайат раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО, сафир Рустамҷон Солиев шомиланд.

Гуфтанист, ки дар иҷлосияи 37-уми ЮНЕСКО масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, коммуникатсия ва иттилоот, ки аз бахшҳои муҳими фаъолияти ин созмон дониста мешаванд, инчунин тасдиқи лоиҳаи барнома ва буҷаи ЮНЕСКО барои солҳои 2014-2017, баргузории интихобот ба мақомоти дахлдори ЮНЕСКО, аз ҷумла Шӯрои иҷроия, Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ, Шӯрои байниҳукуматии барномаи байналмилалии гидрологӣ, таъини Мудири кулли ЮНЕСКО ба муҳлати навбатии чорсола баррасӣ мешавад.

Манбаъ ба "Рӯзгор" гуфт, ки дар иҷлосия суханронии Ҷонишини сарвазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова ва мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова дар назар аст.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi