Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ
Имрӯз 5-уми октябр дар саросари Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣҷашн гирифта мешавад. Тоҷикистон соли чорум аст, ки рӯзи забони давлатиро 5-уми октябр таҷлил мекунад. Дар мактабҳои олӣ ва ҳамагонии Тоҷикистон имрӯз маҳфилҳои идона баргузор шуд ва толибилмону устодон дар ин бора баромад карданд.
Нахустин қонуни забони давлатӣ дар Тоҷикистон 22-уми июли соли 1989 тасвиб шуда, ба забони тоҷикӣ ҳанӯз дар замони Шӯравӣ, мақоми давлатӣ дод. Соли гузашта дар Рӯзи забони давлатӣ дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъомад баргузор шуда буд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам ширкат карда буд.
Вале имсол дар ин рӯз чунин ҷамъомади махсусе бо иштироки раиси ҷумҳур баргузор намешавад. Абдуфаттоҳ Шарифзода рӯзи 4-уми октябр ба мо гуфт, ки рӯзи 5-уми октябр ширкати раисҷумҳур дар ягон чорабинӣ мушаххас нашудааст ва он кас бо ҳуҷҷатгузорӣ, мактубу муроҷиатҳои мардум ва омодагӣ ба сафари корӣ ба Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, омӯхтани маводҳои вобаста ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ин вилоят машғул хоҳанд шуд.
Тоҷикистон тайи 20 сол Иди забонашро рӯзҳои 22-уми июл таҷлил мекард, вале парлумони Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забонро тасвиб кард ва рӯзи Иди забонро низ ба 5-уми октябр кӯчонд.
Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳангоми таъйини мутахассисон ба ин ё он вазифа ва мансаб, дониши забони давлтӣ баробар ба сатҳи тахассуси онҳо, талаб карда мешавад. Ин талабот бо дастури президенти кишвар ҷорӣ шудааст ва раҳбарони корхонаву идора ва вазоратхонаҳо бояд забони давлатиро дар сатҳи зарурӣ донанд.
Бархе аз рӯзноманигорон мегӯянд, ки дар нишастҳои хабарӣ бархе вазирон ва мансабдороне ҳастанд, ки бо забони давлатӣ фикр ва матлаби худро баён дошта наметавоанад ва вақте, ки нуқтаи назари онҳоро нашр мекунанд, ҳатман баҳс мекунанд ва изҳори норозигӣ менамоянд. Кор ба ҷое мерасад, ки даъвои додгоҳӣ дар миён мехезад ва зарурати пешниҳоди сабти овоз ба миён меояд.
Дар моҳи июни соли гузашта Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии кишвар "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон", донистани забони давлатӣ ба вакилонро ҳатмӣ эълон карда буд.
Донистани забони давлатӣ барои довталабон ба мақомҳои давлатӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки аз қабули нахустин қонуни забони тоҷикӣ дар даврони ошкорбаёнии горбачёвӣ, беш аз 20 сол мегузарад.
«Озодӣ»