09:17:53 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Бобоназарова аз эҳтимоли нарасидани имзоҳо ба тарафдориаш мегӯяд

Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон гуфтааст, "фазои зиддинаҳзатӣ" дар ҷомеъаи кишвар дар ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадии ӯро душвор кардаасрт.

tj babanazarova3045445Хонуми Бобоназарова рӯзи чоршанбеи 2-уми октябр гуфт, тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ ба тарафдорm аз номзадии ӯ ҳудуди 50 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи манобеъи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ин ҳизб то ҳоло тавониста ба тарафдории Олим Бобоев, номзади худ, беш аз 205 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кардаанд.

Хонуми Бобоназарова гуфт, ситоди интихоботиаш тасмим гирифтааст, дар сурати ҷамъоварӣ нашудани имзоҳои мавриди ниёз то 7-уми октябри соли ҷорӣ, рӯзи зарбулаҷал барои ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, далели ин амр ташреҳ хоҳад шуд.

Ойниҳол Бобоназарова гуфт: “Агар имзоҳо ҷамъоварӣ нашавад, мо ба тарафдорони худ, ҳукумат ва созмонҳои байналмилалӣ муроҷиъат карда ва дар асоси қонун роҳи минбаъдаи худро муайян мекунем.”

Хонуми Бобоназарова мегӯяд, ки мақомот “фурсати онҳоро барои ҷамъоварии имзо дуздидаанд” ва ҳамакнун рӯшан нест, ки ҷонибдоронаш барои ҷамъоварии миқдори зарурии имзоҳо муваффақ мешаванд ё хайр.

Дар ҳамин ҳол, Абдуқаюми Қаюмзод, сухангӯйи Ситоди интихоботии Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон гуфт, бо вуҷуди ваъдаҳои мақомоти Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) мушкилот ва мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадии Ойниҳол Бобоназарова дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон зиёд будаст.

Ҳарчанд Шермаҳмади Шоҳиён, раиси КМИҲ дар нишасти хабарии 30-юми сентябр гуфта буд, ки куллияи мушкилу мавонеъ дар роҳи ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи ИНИТ рафъ шудааст.

Ӯ мавориди ҷамъоварии имзоҳо дар донишгоҳҳои Тоҷикистон дар варақа ё баргаҳо бидуни зикри номи номзадро амалӣ ғайриқонунӣ хонда ва гуфт, КМИҲ ин ҳодисаро ҷиддан таҳқиқ хоҳад кард. Қаблан, чанд нафар аз донишҷӯёни Донишгоҳҳои миллӣ ва технологӣ ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки мудирони донишкадаҳо аз шогирдон хостаанд бо шиноснома ба донишгоҳ ҳозир шаванд.

Ба гуфтаи Абдуқаюми Қаюмзод, тибқи гузоришҳои расида аз шаҳри Панҷакент дар шимоли Тоҷикистон устодони макотиби ҳамагонӣ ва пизишкони бемористонҳо дар баргаҳои бидуни номи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ имзо ҷамъоварӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи сойти “mvd.tj”, мақомоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кормандони пулис дар шаҳру навоҳии кишвар тақозо кардаанд, то “бар рафти интихобот, ҷамъоварии имзо, ташвиқу таблиғоти номзадҳо дахолат накарда, мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолитяти худро ба роҳ монда, дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба баргузории чорабиниҳои мазкур мусоъидат кунанд.”

Ситоди интихоботии Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон зимни як баёния дар ҳафтаи гузашта аз мавориди мудохилаи кормандони пулис ба раванди ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадии Ойниҳол Бобоназарова ва боздошти аъзои гурӯҳи мубтакирон барои ҷамъоварии имзо шикоят карда буд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi