Дар Душанбе сеюмин Намоиши байналмилалии китоб баргузор мешавад
Аз 4 то 6-ми сентябри соли ҷорӣ дар бинои Муассисаи давлатии "Душанбе Плаза" сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе таҳти унвони "Китоб ва ҳамгироии арзишҳои умумибашарӣ" баргузор мешавад. Дар ин бора ба «Ruzgor.tj» аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ намоиш соати 10 субҳи рӯзи 4 сентябр бо ширкати масъулини фарҳангии мамлакат ифтитоҳ мегардад ва қарор аст дар он ҳамаи нашрияҳои давлативу хусусӣ асарҳои тозанашри худро пешниҳод намоянд. Дар доираи Намоишгоҳ баргузории ду конфронс, аз ҷумла Конфронси байналмилалии илмии "Ташкили маркетинги китоб дар интишорот", "Китоб ва нақши он дар робитаҳои фарҳангии кишварҳои ҷаҳон", ҳамчунин семинари "Тарроҳии китоби бачагона" дар назар аст.
Дар се рӯзи идомаи Намоишгоҳ мулоқоти хонандагон ва ширкаткунандагони конфтронсу семинарҳо бо адибон ба нақша гирифта шудааст.
Як рӯз баъди анҷом ва натиҷагирии Намоишгоҳ дар "Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев консерт-марафон бо ширкати ҳунармандони маъруфи кишвар бахшида ба Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе доир мегардад. Ва ғолибони озмунҳои эълоншуда бо диплому мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд.
“Рӯзгор”