17:45:55 14-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ ба Душанбе меояд

Фармондеҳи артиши Покистон генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ бо сафари серӯза ба Тоҷикистон меояд. Вазорати дифои Тоҷикистон эълом кард, ки генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ, сарфармондеҳи нерӯҳи хушкигарди Артиши Покистон фардо, чаҳоршанбеи 28-уми август бо як сафари серӯза вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад.

parviz-ashfaq 12525Бахтиёр Бозоров, як масъули дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон зимни таъйиди ин хабар ба мо гуфт, ки "генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ дар ҷараёни сафари худ аз Тоҷикистон бо Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ ва дигари мадомоти баландпояи ин кишваор дидору гуфтугӯ мекунад".

Гуфта мешавад, мулоқоти генералои покистонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар назар аст. Ҷаноби Бозоров густариши ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-фаннӣ миёни Тоҷикистон ва Покистонро аз мавзуоти меҳравии матраҳшаванда дар дидору гуфтугӯҳои генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ бо мақомоти Тоҷикистон унвон кард.

Ҳамчунин ба таъкиди ин масъули дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон, дар ҷараёни боздиди худ генерал Каёнӣ аз пойгоҳҳои ҷузъу воҳидҳои низомии вазорати дифои Тоҷикистон дидан намуда ва бо афсарону сарбозони тоҷик дидор хоҳад кард.

Зимнан, равобити низомӣ ва низомӣ - фанӣ миёни Тоҷикистон ва Покситон аз соли 2009 оғоз шуда ва ба таъкид масъулони вазорати дифоъи Тоҷикистогн сол аз сол густариш меёбад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi