23:15:23 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Э.Раҳмон: "Масоили обро бо ҳамкорӣ мешавад ҳал кард"

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки масоили об дар минтақаро танҳо бо роҳи ҳамкорӣ мешавад ҳаллу фасл кард. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 20-уми август дар маросими кушоиши Конфронси байналмиллалии ҳамкориҳо дар бахши об сӯҳбат мекард, аз ҷумла гуфт, дар ҳоле, ки дар баъзе аз манотиқи ҷаҳон нархи оби ошомиданӣ аз сӯзишворӣ гаронтар аст, талабот ба об дар Осиёи Миёна зиёд мешавад.

emomali-rahmon-082013Ба таъкиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон "талабот ба захираҳои об босуръат афзун мегардад, ки ин, дар навбати худ, боиси шиддат гирифтани муносибатҳои байниҳамдигарии соҳаҳои мухталифи иқтисод мегардад. Тезутунд шудани рақобат барои захираҳои об дар шароити афзоиши камбуди он қодир аст, ки ҳатто дар дохили як мамлакат ба пайомадҳои номатлуб боис гардад."

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳарчанд дар ин кишвар 60 дарсади захираҳои оби минтақа ташкил меёбад, аммо Тоҷикистон ҳамагӣ 10 дарсади онро масраф мекунад ва боқимондаашро кишварҳои поёноб масраф мекунанд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дорои потенсиали бузурги гидроэнергетикӣ буда, аммо ҳамагӣ чаҳор дарсади ин захираҳорон истифода мекунад. Вай гуфт, ки дар сурати истифодаи бештари аз ин захираҳо, сатҳи камбизоатӣ метавонад дар Тоҷикистон ва минтақа коҳиш ёбад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон пешниҳод кардааст, ки «аз соли 2015 даҳсолаи нави амалиёти байналмилалӣ дар соҳаи об» эълон гардад. Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ ва дипломатияи соҳаи об таъсис дода шавад.

Нахуствазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев дар ин ҳамоиш гуфт, ки новобаста аз мухолифаҳо, ба бунёди нерӯгоҳҳо оғоз кардаанд. Вай пешниҳод кард, ки барои эмин доштани баҳри Арал, бояд аз усулҳои нав истифода кард.

Нахуствазири Қирғизистон низ гуфтааст, ки кишвараш ҳоло танҳо 20 дарсади захоири обиашро истифода мекунад ва боқимонда ба ҳамсоякишварҳо меравад. Ба гуфтаи ин мақоми қирғиз, тибқи ҳисоби онҳо то авохири садаи 21 бинобар тағйирёбии ҳаво, захоири пиряхӣ дар ин кишвар ба таври амалӣ аз байн мераванд.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси байналмиллалии ҳамкориҳо дар бахши об ба кори худ оғоз кард. Манобеи расмии Тоҷикистон мегӯянд, дар ин конфронс 1 100 нафар меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ширкат доранд. Дар миёни онҳо нахуствазирони, Тайланд, Қирғизистону Мозамбик ва 5 нафар муовинони Дабири Кулли СММ ҳастанд. 20 кишвар дар сатҳи вазирон дар конфронс ширкат меҷӯяд. Аз Узбакистон дар ин нишаст, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов ширкат дорад.

Конфронси Душанбе тасмимгиранда нест, вале бо назардошти ин, ки намояндагони расмӣ ва коршиносони кишварҳои минтақа ва созмонҳои муътабари байналмиллалӣ дар он ширкат доранд, конфронс метавонад дар эъломияи ниҳоии худ барои ҳали мушкилоти мавҷуда пешниҳодҳои ҷолибе ба миён ниҳад.

Ин ҳамоиш дар ҳоле баргузор мешавад, ки мухолифати Узбакистон бо Тоҷикистону Қирғизистон роҷеъ ба истифодаи оби рӯдхонаҳо, ба вижа роҷеъ ба сохтмони ниругоҳҳои барқи обӣ дар рӯдхонаҳои Сиру Ому шиддат ёфтааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi